Николай Бердяев
Николай Александрович Бердяев (Николай Александровичъ Бердяевъ, 6 (18) марти 1874, Обухово, губериняи Киев, Русияи подшоҳӣ — 23 марти[8][9] 1948 (мувофиқи дигар маълумотҳо, 24 марти 1948[10][11]), Кламари Порис) — файласуф, равоншинос, муаррихи афкори фарҳангии рус, публитсист. Профессори Университети Маскав (1919), доктори фиқҳи (теология) Донишгоҳи Кембриҷ (1947).
русӣ: Николай Александрович Бердяев укр. Микола Олександрович Бердяєв | |
Таърихи таваллуд | 6 (18) март 1874[1][2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 март 1948[4][5][6][…] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа, philosophical anthropology[d], ҳастишиносӣ, philosophy of religion[d], фалсафаи ахлоқ ва фалсафаи сиёсӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | Doctor of Divinity[d] ва доктори ифтихорӣ[d] (1947) |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишСоли 1894 факултети ҳуқуқшиносии Университети Владимири Кадис дар Киевро хатм кардааст. Соли 1848 барои ширкат дар ҳаракати сотсиал-демократӣ боздошт ва табъид шуд.
Николай Бердяев дар китоби нахустини худ «Субъективизм ва индивидуализм дар фалсафаи ҷамъиятӣ» (1901) кӯшиш намуд, ки марксизмро бо фалсафаи интиқодӣ оштӣ диҳад. Солҳои 1906–1907 аз мавқеи неокантчигӣ ба мавқеи метафизикаи динӣ гузашт ва аз марксизм тамоман алоқаи худро канд. Ҳамкории Николай Бердяев бо маҷ-ҳои «Роҳи нав», «Масъалаҳои ҳаёт» (1905–1906), ҳамчунин бо файласуфон – муассисони «Ҷамъияти динию фалсафӣ ба хотири В. Соловёв» ва нашриёти «Роҳ» таваҷҷуҳи ӯро ба ҷустуҷӯи ҳастишиносии ҳақиқии дини насронӣ ҷалб намуд. Вале таҳаввулоти ғоявӣ дар фаъолияти Николай Бердяев зимни таълифи китоби «Фалсафаи озодӣ» (1911) ба вуҷуд омад. Мавриди эътироф қарор нагирифтани православияи расмӣ ва муҳити он дар Маскав, ҳамчунин таъсири андешаҳои мистикии асрҳои миёнаи oлмон боиси дур шудани ӯ аз ғояе гардид, ки мувофиқи он гӯё дарёфти маърифати ҳақиқӣ танҳо тавассути шахсиятҳои ҷудогонаи калисо имконпазир аст. Николай Бердяев дар асараш «Моҳияти эҷодиёт. Таҷрибаи бегуноҳии инсон» (1916) аз масоили ҳастишиносӣ низ даст кашида, хусусияти ғайримаишии озодиро на фақат ба маънои фарҳангӣ, балки ба мазмуни динии он низ баррасӣ намуд. Инқилоби Русияро як ҳодисаи ногузир ва одилона арзёбӣ кард ва аз соли 1919 дар Академияи озоди ташкилкардааш дар Маскав дарс мегуфт. Соли 1922 Николай Бердяевро ҳамроҳ бо гурӯҳи оппозитсионӣ аз Русия берун ронданд. Аввал дар Берлин иқомат ихтиёр карда, дар он ҷо як силсила китобҳои қаблан навиштаи худро интишор дод. Асари дар Олмон таълифкардаи ӯ – «Асрҳои миёнаи нав. Мулоҳизаҳо дар бораи тақдири Русия ва Европа» (1924) ба ӯ шуҳрати зиёд овард. Соли 1924 ба Порис рафт ва дар он ҷо кори ҳанӯз дар Берлин асосгузоштаи худ – Академияи динию фалсафиро давом дод ва маҷ. динию фалсафии «Роҳ» (1925–1940) интишор намуд. Николай Бердяев яке аз асосгузорони ҳаракати экуменистӣ ва ташкилкунандаи вохӯриҳои ташкилотҳои динӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин дар ҳаракати насронии донишҷӯёни рус иштирок дошт, вале ба иллати майли ростгароиро интихоб кардани ҳаракати мазкур, аз онҳо алоқаро канд. Николай Бердяев дар Порис китобе бо номи «Маърифати ботинии инсон» таълиф намуд, ки дар он аз рӯйи гуфтаи худаш ҷаҳонбинии фалсафиашро беҳтару хубтар матраҳ кардааст. Осори дар Порис ба нашр расондаи Николай Бердяев «Дар бораи таъйини инсон. Таҷрибаи муаммоии ахлоқ» (1931), «Дар бораи ғуломӣ ва озодии инсон» (1939) ва «Таҷрибаи эсхаталогии метафизика. Эҷодиёт ва объективият» (1947) буданд, ки дар онҳо ӯ аз масоили ҳастишиносӣ тамоман даст кашида, ғояи таҷассумкунӣ ва эҷодиётро инкишоф ва сохтори (модели) таълимоти персонализми масеҳиро ба вуҷуд овард. Ҷанги дуюми ҷаҳонии с-ҳои 1939–1945 ҳисси ватандӯстии Николай Бердяевро бештар барангехт.
Китобҳо
вироиш- Субъективизм и индивидуализм в общественной философии. Критический этюд о. Н. К. Михайловском. СПНиколай Бердяев, 1901.
- Новое религиозное сознание и общественность. СПб.: Издание М. В. Пирожкова, 1907. — 233 с.
- Sub specie aeternitalis. СПб., 1907. — 438 с.
- Духовный кризис интеллигенции. СПб, 1910.
- Философия свободы. М.: Путь, 1911. — 254 с.
- Алексей Степанович Хомяков М.: Путь, 1912. — 252 с.
- Душа России. М.: изд. Сытина, 1915.
- Смысл творчества (Опыт оправдания человека). М., 1916. — 358 с.
- Судьба России (Опыты по психологии войны и национальности). Сборник статей 1914—1917. М., 1918.
- Духовные основы русской революции (Сборник статей) Бойгонӣ шудааст 14 май 2017 сол. (1917—1918)
- Миросозерцание Достоевского. Прага: YMCA-Press, 1923. — 238 с.
- Философия неравенства. Письма к недругам по социальной философии. Берлин: Обелиск, 1923. — 246 с.
- Смысл истории Бойгонӣ шудааст 8 Январ 2019 сол. — Берлин: Обелиск, 1923. — 268 с.
Др. изд.: Париж: Ymca-press, 1969. - Новое средневековье (Размышление о судьбе России). Берлин: Обелиск, 1924.
- Константин Леонтьев. Очерк из истории русской религиозной мысли — Париж: Ymca-press, 1926. — 268 c.
- Философия свободного духа (Проблематика и апология христианства) (1927)
- О назначении человека (Опыт парадоксальной этики). Париж: Современные записки, 1931. — 318 с.
- Русская религиозная психология и коммунистический атеизм. Париж: Ymca-press, 1931. — 48 c.
- Христианство и классовая борьба. Париж: Ymca-press, 1931. — 139 с.
- О самоубийстве. — Париж, 1931. — 46 с.
- Судьба человека в современном мире (К пониманию нашей эпохи). Париж, 1934. — 84 с.
- Я и мир объектов (Опыт философии одиночества и общения). Париж: Ymca-press, 1934. — 187 с.
- Дух и реальность (Основы богочеловеческой духовности) (1935)
- Истоки и смысл русского коммунизма (на нем. 1938; на русоли 1955)
- О рабстве и свободе человека (Опыт персоналистической философии). Париж: Ymca-press, 1939. — 222 с.
- Самопознание (Опыт философской автобиографии) (1940, изд. 1949)
- Творчество и объективация (Опыт эсхатологической метафизики) (1941, изд. 1947)
- Экзистенциальная диалектика божественного и человеческого. Париж: Ymca-press, 1952. — 246 с. (1944—1945; на фр. 1947, на русоли 1952)
- Русская идея (Основные проблемы русской мысли XIX века и начала XX века). Париж, 1946. — 260 с.
- Опыт эсхатологической метафизики. Париж, 1947
- Царство Духа и царство Кесаря. Париж: Ymca-press, 1951. — 165 c.
- Истина и откровение. Пролегомены к критике Откровения (1946—1947; на русоли 1996)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ метрическая книга
- ↑ Педагоги и психологи мира (рус.) — 2012.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 9.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Бердяев Николай Александрович (рус.) / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ различные авторы Энциклопедический словарь (рус.) / под ред. И. Е. Андреевский, К. К. Арсеньев, Ф. Ф. Петрушевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1907.
- ↑ Даты жизни и творчества Николая Бердяева
- ↑ Н. А. Бердяев — интеллектуальная биография
- ↑ Краткая литературная энциклопедия — М.: Большая Российская энциклопедия. — Т. 9.
- ↑ Бердяев Николай Александрович — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- Бердяев Николай Александрович / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |