Нилс Ҳе́нрик Дави́д Бор (дан. Niels Henrik David Bohr, 7 октябр 1885[1][2][3][…], Копенҳаген[4][5][2][…]18 ноябр 1962[1][2][3][…], Копенҳаген, Дания[6][7][8]) — физикдони назарӣ ва ходими ҷамъиятии донморкӣ, яке аз асосгузорони физики муосир.

Нилс Бор
дан. Niels Bohr
Таърихи таваллуд 7 октябр 1885(1885-10-07)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 ноябр 1962(1962-11-18)[1][2][3][…] (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
  • Подшоҳии Дания[d][9]
Фазои илмӣ atomic physics[d] ва физики назарӣ[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Christian Christiansen[d][11] ва J. J. Thomson[d][12]
Шогирдон Hans Kramers[d], Ландау, Лев Давидович, Oskar Klein[d], Оге Нилс Бор ва John Archibald Wheeler[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Копенгаген (1908). Солҳои 1911-12 дар Кембриҷ бо Ҷ. Ҷ. Томсон ва дар Манчестер бо Э. Резерфорд кор кардааст. Проф. Донишгоҳи Копенгаген (1916). Нилс Бор ҳамчун асосгузори назарияи квантии атом машҳур аст. Дар таҳияи асосҳои механикаи квантӣ, назарияи ҳастаи атом ва реаксияҳои ҳастаӣ, равандҳои таъсири мутақобилаи зарраҳои бунёдӣ бо муҳит саҳми бузург дорад. Соли 1903 ба Донишгоҳи Копенгаген дохил шуда, физика, кимиё, нуҷум ва риёзиётро омӯхт. Дар он ҷо нахустин таҳқиқоти ӯ бахшида ба лаппиши ҷараёни моеъ барои нисбатан саҳеҳ муайян кардани бузургии кашиши сатҳии об буд. Барои ин таҳқиқоти назариявӣ соли 1906 сазовори медали тилои Ҷамъияти шоҳии Дания гардид. Соли 1910 ба унвони магистр соҳиб шуда, соли 1911 рисолаи докториро оид ба назарияи классикии электронии филиззот дифоъ кард. Дар ин асари илмӣ Нилс Бор ғояҳои Лоренсро инкишоф дода, теоремаи муҳимми механикаи омории классикиро исбот кард, ки мувофиқи он моменти магнитии маҷмӯи дилхоҳи зарядҳои электрикии бунёдӣ, ки аз рӯйи қонунҳои механикаи классикӣ дар майдони магнитии доимӣ ҳаракат мекунанд, дар ҳолати статсионарӣ ба сифр баробар аст. Соли 1919 новобаста ба ӯ ин теоремаро Йохан ван Лёвен кашф кард, аз ин рӯ, онро теоремаи Бор — ван Лёвен меноманд. Аз теоремаи мазкур бармеояд, ки хусусиятҳои магнитии модда (аз ҷумла диамагнетизм)-ро дар чорчӯби физикаи классикӣ бевосита маънидод кардан мумкин нест. Маҳз ҳамин ҳолат боиси ба механикаи квантӣ рӯй овардани Нилс Бор гашт. Барои исботи устувории атоми Резерфорд Нилс Бор соли 1913 ду ақида (постулат) пешниҳод кард, ки бо номи «постулатҳои Бор» машҳуранд. Мувофиқи онҳо барои электрон мадорҳои мунтахабе мавҷуданд, ки электрон дар онҳо ҳаракат карда, бар хилофи қонунҳои электродинамикаи классикӣ энергия намеафканад ва энергияро фурӯ ҳам намебарад, аммо ҷаҳида ба мадори «имконпазир»-и ба ҳаста наздиктар гузашта метавонад. Ин «ҷаҳиш»-и электрон бо хориҷ шудани кванти энергия (порсия) ба амал меояд. Назарияи дар асоси ин постулатҳо бунёдёфтаи сохти атом, ки онро худи Нилс Бор ва физикҳои дигар инкишоф додаанд, махсусан устувор будани атомро бори аввал шарҳ дод. Яъне, ҳангоми ба ҳамдигар нисбатан суст бархӯрдани атомҳо онҳо сохт ва хосияти спектри худро нигоҳ медоранд. Нилс Бор соли 1923 бори аввал дар асоси модели пешниҳодкардааш ҷадвали даврии Менделеевро маънидод ва соли 1936 таърифи тасаввуроти умдаи физикаи ҳастаро дар хусуси гузаштани реаксияҳои ҳастаӣ (модели ҳастаи таркибӣ) баён кард. Соли 1939 ҳамроҳи И. А. Уилер назарияи тақсимшавии ҳастаҳо — равандеро, ки дар вақти он миқдори азими энергияи ҳаста хориҷ мешавад, инкишоф дод. Соли 1943 бинобар таъқиби фашистон ба ИМА рафт. Дар ин ҷо Нилс Бор дар сохтани бомбаи атомӣ иштирок кард ва баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) ба Дания баргашт. Солҳои баъдиҷангӣ дар мубориза зидди таҳдиди ҷанги атомӣ фаъолона ширкат варзид. Солҳои 40-50 асри 20 Нилс Бор асосан таъсири мутақобилаи зарраҳои бунёдиро ба муҳит омӯхт. Соли 1921 бо ташаббуси ӯ Институти физикаи назариявӣ кушода шуд, ки алҳол «Институти Нилс Бор» ном дорад. Нилс Бор мактаби бузурги байналмилалии физикҳоро бунёд гузошта, шогирдони зиёде тарбия кардааст. Ба шарафи ӯ унсури 105-уми ҷадвали Менделеев (дубний) то соли 1997 номи «нилсборий» дошт ва ҳамон сол ба унсури 107-ум номи «борий» доданд. Ба номи Нилс Бор астероиди № 3948 гузошта шуда (1985), Бонки миллии Дания расми ӯро дар асъори миллӣ (500 крон) ҷой додааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Нилс Бор барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физик (1922), ҷоизаи «Барои атоми безиён» (1957) буда, бо медалҳои Маттеуччи (1923), ба номи Макс Планк (1930) ва Копли (1938) сарфароз гардидааст. Нилс Бор узви Ҷамъияти шоҳии Дания (1917) ва президенти он (1939), узви зиёда аз 20 академияи ҷаҳон, аз ҷумла узви фахрии хориҷии АИ ИҶШС буд (1929).

Адабиёт

вироиш