Оге Нилс Бор (дан. Aage Niels Bohr; 19 июн 1922[1][2][3][…], Копенҳаген[7]8 сентябр 2009[4][5][6][…], Копенҳаген[7][8]) — физикдони донморкӣ, яке аз муаллифони модели коллективи (умумиятдодашуда)-и ҳаста, профессор (1956), узви Академияи шоҳии Дания (1955).

Оге Нилс Бор
дан. Aage Niels Bohr
Таърихи таваллуд 19 июн 1922(1922-06-19)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 8 сентябр 2009(2009-09-08)[4][5][6][…] (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики ҳастаӣ[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Нилс Бор
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар оилаи Маргарет ва Нилс Бор таваллуд шуда, дар байни физикҳои машҳур В. Паули ва В. Ҳайзенберг ба воя расидааст. Соли 1940 баъди чанд моҳи ишғоли Дания аз ҷониби Олмони фашистӣ ба Донишгоҳи Копенгаген дохил шуд. Соли 1943 бо қувваҳои муқобилат ба Англия гурезонида шуд. Чун ёвари Н. Бор дар коркарди лоиҳаи атом иштирок кардааст. Солҳои 1944-45 корманди Лабораторияи миллии Лос-Аламос (ИМА) буд. Соли 1945 ба Дания баргашта, омӯзишро давом дод ва ба дараҷаи магистр расид. Аз соли 1946 корманди Институти физикаи назариявии Нилс Бор. Дар донишгоҳҳои Принстон ва Колумбия таҷриба омӯхтааст. Дар он ҷо бо Ҷ. Рейнуотер ва Оге Нилс Бор Моттелсон кор кард. Кори якҷои онҳо дар ибтидои солҳои 50 асри 20 барои инкишоф додани, ба истилоҳ, «модели коллективи (умумиятдодашуда)-и ҳаста» имкон дод. Соли 1958 якҷо бо Д. Пайнс модели фавқулҷоришавии ҳастаро пешниҳод карда, имкони мавҷудияти фавқулҷоришавии адронҳоро дар ҳастаҳо тахмин намуд. Якҷоя бо Моттелсон ва Рейнуотер «барои кашфи робитаи мутақобилаи байни ҳаракати коллективӣ ва ҳаракати зарраи алоҳида дар ҳастаи атом ва инкишофи ҳастаи атом, ки аз ҳамин робитаи мутақобила бармеояд» сазовори мукофоти Нобел гардид (1975). Дар баробари кор дар Институти Бор дар Донишгоҳи Копенгаген дарс мегуфт. Директори Институти Бор (1962-70), аз соли 1957 дар роҳбарияти Институти физикаи атомии назариявӣ кор кард ва солҳои 1975-81 директори он буд. Сипас, то охири умр омӯзгорӣ мекард. Узви чанде аз академияҳои ҷаҳон буд.

Адабиёт

вироиш