Нисории Тунӣ
Нисории Тунӣ (форсӣ: نثاری تونی; ?, Гунобод — 1560, Тун) — шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1560 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишАз Гунободи Хуросон. Дар ҳамон ҷо хату савод бароварда, барои таҳсил ба шаҳри Тун рафт ва то охири ҳаёт он ҷо монд. Дар илми нуҷум ва ҳайат маҳорати том доштааст. Бештар рубоӣ, қитъа, муаммо ва маснавӣ гуфта, дар сарчашмаҳои адабӣ шоири «чарбзабон ва равшанбаён» ёд шудааст. Нисории Тунӣ шоири соҳибдевон буда, бо номи «Сарв ваТазарв» маснавие дорад. Дар эҷодиёти ӯ васфи ёр, хушиҳои ҳаёт ва шикоят аз замона мавқеи муҳим доранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Нисории Тунӣ // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).