Баҳоуддин Хоҷаҳасани Нисорӣ (1516, Бухоро —1597, ҳамон ҷо) — шоир, нависанда, забоншинос ва донишманди форс-тоҷик.

Нисорӣ
Таърихи таваллуд 1516
Таърихи даргузашт 1597

Зиндагинома вироиш

Аз оилаи Сайид Подшодхоҷаи адиб. Нисорӣ дар оила са­вод бароварда, дар муҳити илмию адабии Бухоро ба камол расидааст. Чанд муддат дар Балх, Қазвин, Машҳад, Ҳирот ва дигар шаҳрҳои Оси­ёи Миёнаю Хуросон таҳсил карда, аксар илмҳои расмии замонашро аз худ намуд. Нисорӣ тибро аз Муҳаммадмазиди Хуросонӣ, ҳадисро аз Сафеуддини Румӣ, мусиқиро дар назди Камолуддин Муҳаммади Кавкабӣ, ҳайат ва нуҷумро дар назди Мавлоно Шайдои Балхӣ ва дигар омӯхта, яке аз шахсони намоёни илму адаби давр гардид. Муддате дар Ҳинду Рум (Қустантания) буд.

Ба арсаи адабиёт чун шоир қадам ниҳод. Девони ашъораш то кунун нопайдост. Ашъори парокандан Нисорӣ беш аз 500 байт буда, дар тазкираву баёзҳо ба назар мерасад ва аз истеъдоди шоирии ӯ шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ Дарвешагии Чангӣ овардааст: «Ҳасанхоҷа маликушшуарои шоирони Бухоро буд». Нисорӣ ҳамчун географ низ машҳур буда, тасвири кураи арзро кашидааст.

Ӯ оҳангсоз низ мебошад; бештар ҳамчун тазкиранигор маълум аст. Ба ҷуз ашъори пароканда, тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб» ва acapҳои «Чаҳор гулзор» (доир ба баъзе масъалаҳои забон ва назарияи адабиёт), «Нафаҳот-ул-қудс» (дар бораи аҳли тасаввуф), «Баҳориёт» ё худ «Наврӯзнома» (маҷмӯи таркиб- бандҳо), «Ҳасан ва Хусейн» (маҷмӯаи ҳикоёти воқеӣ), «Анис-ул-ушшоқ» (маҷмӯаи латоифи воқеӣ) аз таълифоти Нисорӣ мебошанд. Аз ду асари охир фақат порчаҳои пароканда боқист. Қисмати дигари мероси илмӣ ва адабии Нисорӣ то замони мо расидааст. Асарҳои ӯ барои возеҳ намудани масъалаҳои норавшани илму адабиёти асри 16 аҳамияти калон доранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш