Нисён
Нисён (ар. نسیان — фаромӯшӣ), фаромӯшхотирӣ — суст ё нест шудани қобилияти қабули ҳофиза ва нигоҳ доштану ба ёдовардани хотирот.
Нисён се хел мешавад: диемнезия (суст шудани хотира), амнезия (нест шудани хотира) ва парамнезия (фиреби хотира). Ҳангоми диемнезия хотира суст мешавад; кас ахбори ҷорӣ (хусусан ном, рақам ва ғайра)-ро дар хотир нигоҳ дошта наметавонад, санаю тартиби воқеаҳорофаромӯш мекунад.
Амнезия якчанд хел мешавад: амнезияи ретроградӣ — кас воқеаҳои пеш аз беморӣ дидаву шунидаашро пурра ё қисман фаромӯш мекунад; амнезияи репродуктивӣ — бемор ном, рӯзи вуқӯи воқеа, шумораю шакли чизҳо ва ғайраро фавран ба ёд оварда наметавонад; амнезияи фиксатсионӣ — гирифторони ин намуди амнезия воқеаҳои ҷориро дар хотир нигоҳ дошта наметавонанд; амнезияи шиддатёбанда — қобилияти қабули хотира гум мешавад ва ёддоштҳо, хусусан воқеоти солҳои охир, оҳиста-оҳиста фаромӯш мешаванд. Парамнезия ду хел мешавад: конфабулясия (ёддошти қалбакӣ) ва криптомнезия (таҳрифи хотира).
Ҳангоми конфабулясия асли ҳодиса фаромӯш мешавад ва ҷои онро тасаввуроти хаёлӣ мегирад; дар вақти криптомнезия ҳар воқеа ё ҳодисае, ки бемор шунида ва ё дар хоб дидааст, ба назараш менамояд. Нисён ба бемориҳои органикии системаи асаб бештар хос аст. Барои он ки бемор шифо ёбад, аввал асоси бемориро табобат бояд кард.
Эзоҳ вироиш
Сарчашма вироиш
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.