Назирмад Мӯсоев
Назирмад Мӯсоев (Ниёзаҳмад Мӯсоев; 22 декабри 1952, деҳаи Даштиҷум, ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 15 майи 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, садопеша, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1995), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2017).
| |
Таърихи таваллуд: | 22 декабр 1952 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 15 май 2021 (68 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, ҳунарпешаи телевизиюн, садогузор, садопеша |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0615813 |
Зиндагинома
вироишНазирмади Мӯсо 22 декабри соли 1952 дар деҳаи Даштиҷӯми ноҳияи Шӯрообод ба дунё омадааст. Дар хурдӣ ронанда шудан мехост[1], аммо баъдан ҳангоми таҳсил дар синфи даҳум бо машварати ҳамсабақаш ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон месупорад[1], пас аз як соли таҳсил ба Институти давлатии ҳунарҳои театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав роҳхат мегирад[1] ва онҷоро дар соли 1976 хатм мекунад. Аз ҳамон сол дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба фаъолият пардохт ва то охири умр дар ин боргоҳи ҳунар кор кард[2].
Фаъолият
вироишТеатр
вироишДар беш аз шаст намоиш аз қабили «Арӯс ва домод», «Мавзӯъи озод», «Гирдоби боло», «Таронаҳои муҳаббат», «Умед», «Алафҳои бегона», «Пари қу», «Ғори саламандра», «Суруди зиндагӣ», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Нафси бад балои ҷон», «Илоҷи беилоҷӣ аст», «Тарма»[3] нақш бозида, ҷаҳони қаҳрамононашро хуб кушодааст.
Синамо
вироишНазирмад Мӯсоев соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми «Ӯ маро меписандад» («Я ей нравлюсь») маъруф шуд[4].
Дар филмҳои телевизионии «Парвози хатарнок», «Кӯҳи уқобон», «Тӯй барпо нашуд», «Имтиҳон», «Алии сонӣ», «Рамида», филмҳои бадеии «Ман ба вай маъкул», «Ал-Бухорӣ», «Пуштаи хандақпеч», «Қатора»[5], «Хоби маймун», «Саҳв» ва ғайра нақш бозидааст.
Даргузашт
вироишНазирмад Мӯсоев 15 майи 2021 дар синни 69-солагӣ ва ҳангоми садопешагӣ дар як филми «Хатлон синамо» дар шаҳри Душанбе бар асари бемории дил даргузашт[6][4]. Нисфирӯзии 16 май ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе дафн карданд[4].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Ҷумъахон Сайдалиев. Назирмади Мӯсо: Ҳатман ба театр бармегардам, Ҷавонони Тоҷикистон № 35 (8736) (30 августи 2002), стр. 6.
- ↑ Даргузашти ҳунарманди маъруфи театр ва кинои тоҷик Назирмад Мӯсоев(тоҷ.). АМИТ "Ховар". 16 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 май 2021.
- ↑ Нахустнамоиши “Тарма” дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов. www.vfarhang.tj. 18 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 май 2021.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Ҳунарманди шинохтаи тоҷик ҳангоми кор дар "Хатлон синамо" ҷон додааст. АКС(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 16 май 2021 санҷида шуд.
- ↑ Қатора(тоҷ.). Тоҷикфилм. 17 май 2021 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Ҷанозаи ҳунарпеша Назирмад Мӯсоев дар шаҳри Душанбе - навор(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20210516T1045+0500). 16 май 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Мӯсоев Назираҳмад // Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2006. — 640 с. — ISBN 5-89870-071-4.
- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.