Ниёзбек Давлатов
Ниёзбек Давлатбеков (тав. 29.07.1945, деҳаи Деҳмиёнаи ноҳияи Шуғнон), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1986), дотсент (1995).
Ниёзбек Давлатбеков | |
Таърихи таваллуд | 29 июл 1945 (79 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | медалҳои «20-солагии Ғалаба бар фашизми Германия», «5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», нишони сарисинаги «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Зиндагинома
вироишСоли 1972 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1972–1988 ассистент, муалими калон, дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС-и донишкадаи мазкур, 1980–1983 афсари Артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон, 1988–2003 мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, 1998– 2005 декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2005 то ба имрӯз ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Муаллифи 5 асар, 3 китоби дарсӣ, 4 барномаву дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Дар таълифотҳояш инъикоси дин ва урфу одати мардуми болооби Панҷро дар таърихнигории рус баррасӣ намудааст. Бо медалҳои «Воин- интернационалист», «Аз мардуми сипосгузори афғон», медалҳои ҷашнии «20-солагии Ғалаба бар фашизми Германия», «5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», нишони сарисинаги «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр шудааст.
Осор
вироиш- Шӯриши мусаллаҳ дар Тошкент (бо забони русӣ), Д., 1987;
- Инъикоси исмоилия дар Помир (Дар таълифи муҳаққиқони тоинқилобии рус), Д., 1995;
- Ақоиди тоисломии мардуми Помири ғарбӣ, Д.,1995;
- Халқи тоҷик дар давраи ташаккул ва тараққиёти муносибатҳои феодалӣ, Д., 1997;
- Таърихи қадимтарин ва қадими халқи тоҷик (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), Д., 1998;
- Таърихи ибтидои давраи феодалӣ дар Осиёи Миёна, Д., 2000;
- Халқи тоҷик дар давраи тараққиёти феодалӣ ва пайдошавии муносибатҳои капиталистӣ, Д., 2000.