Нодири Нодирпур
Нодири Нодирпур (форсӣ: نادر نادرپور; 6 июн 1929, Теҳрон — 18 феврал 2000, Лос Анҷелес, Калифорния) — аз шоирони номдори муосири Эрон буда, осори шоирони дигар кишвархоро ба форсӣ баргардон кардааст.
Таърихи таваллуд: | 6 июн 1929 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 18 феврал 2000 (70 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишНодири Нодирпур дар соли 1929 дар Теҳрон ба дунё омад. Давраи дабистон ва дабиристонро дар ҳамон ҷо гузаронд. Сипас раҳсипори Фаронса шуд ва ба Донишгоҳи Сорбон дар Порис рафт. Пас аз гирифтани лисонси забони фаронса ба Теҳрон бозгашт ва нахуст дар бахши хусусӣ ва сипас ба унвони коршиноси муваққат дар вазорати фарҳанг ва ҳунар ба интишороти моҳномаҳои «Ҳунар ва мардум» ва «Нақшу нигор» пардохт ва муддате масъулияти сардабирии онҳоро дошт. Дар соли 1964 барои такмили мутолиоти худ дар забон ва адабиёти итолиёӣ ба он сарзамин рафт ва дар шаҳрҳои Пруҷо ва Рим ба таҳсил пардохт. Пас аз бозгашт ба Эрон аз соли 1972 то соли 1978 сарпарастии гуруҳи адаби имрӯзро дар Радио ва телевизиони миллии Эрон пазируфт ва барномаҳое дар бораи зиндагӣ ва осори навоварони мусофир сохт. Дар мурдоди 1980 аз Теҳрон ба порис рафт ва то соли 1986 дар он шаҳр мондагор шуд ва дар ҳамон ҷо ба узвияти ифтихории Иттиҳодияи нависандагони Фаронса баргузида шуд ва дар маҷомеву гуруҳҳои гуногун ширкат ҷуст ва суханрониҳо кард. Дар соли 1986 ба даъвати бунёди фарҳанги Эрон дар Бостон раҳсипори Амрико шуд ва аз он пас ба суханрониҳои гуногун дар донишгоҳҳои Гарвард, Ҷорҷтаун, Берклӣ ва ғайра пардохт ва порае аз барномаҳои адабию фарҳангии худро чи аз раҳгузари тадрис дар синфхонаҳо ва чи аз роҳи суханрониҳо ва барномаҳои радиову телевизионӣ оғоз кард. Дар мавриди Нодирпур ва шеъри ӯ бояд гуфт, ки вай аз ҳамон оғози навҷавонӣ рӯй ба сурудани гунае шеър овард, ки дастоварду меваи он аз пайванди шохае навин бар дарахти тановару куҳансоли шеъри порсӣ моя мегирифт ва рӯи ҳам рафта, Нодирпур як шоири «навқудамоӣ» буд ва бунмояҳои шеъраш таркибе аз шуури романтик, тасвирҳои зинда, ранги тунди отифӣ, содагӣ ва пардохтани эҳсосе ба андешаҳо ва дилвопасиҳои бунёдини одамӣ буд. Аз соли 1951 то 1961, ҳатто каме пештар, Нодирпур аз маҳбубтарин ва матраҳтарин шоирон ба шумор мерафт ва нахустин китоби шеъри ӯ ба номи «Чашмҳо ва дастҳо» мавриди иқбол ва истиқболи фаровони шеърдӯстон қарор гирифт ва барои касоне, ки ба тозагӣ дар Эрон шеъри навро пазируфта буданд, сурудаҳои Нодирпур бо вижагиҳое, ки дошт, пазируфтатарин намунаи ин гуна навовариҳо ба ҳисоб меомад. Ахавони Солис, ки худ аз номварони муассир ва муваффақи шеъри нимоӣ аст дар мавриди Нодирпур навишта буд: «Нодирпур, дар ин айём, ба ҳақ дар тарози аввал аз шоирони мутаҷадиду навпардоз қарор гирифта ва пухтагии осораш мерасонад, ки ба ганҷинаи ғанӣ ва пурарзиши шеъри гузаштаи порсӣ бар осори ӯ ончунон соя наяфканда, ки ранги ҳунарашро дигар кунад ва таҳти таъсир бигирад. Бад ин маънӣ, ки ҳам эҳсос аз худаш аст ва ҳам баёни таъбирот. Ин шоир ба хубӣ тавонистааст худро аз такрор ва ибтизол, ки душмантарин душманони ҳунар аст, дур нигаҳ дорад ва ҳамеша аз сарзамине, ки худ бад-он ҷо рафта, барои мо хабар биёварад». Барои Нодирпур ҳунар саргармӣ ва ҳавас ва шуҳрату худнамоӣ набуд, балки ниёзи сӯзоне буд, ки лаҳзае ӯро ором намегузошт ва бо таваҷҷуҳ ба ошноие, ки ӯ бо шеъру адаби Ғарб бавижа Фаронса ва Итолиё дошт, шеъраш модерн менамуд ва саршор аз навовариҳо ва халлоқиятҳост. Вай баъд аз сафарҳои бисёре, ки намуд, саранҷом дар соли 2000 дар Амрико вафот ёфт.
Аз ҷумлаи осори ӯ: «Чашмҳо ва дастҳо», «Духтари ҷом», «Шеъри ангур», «Сурмаи хуршед», «Гиёҳу санг — на оташ», «Аз осмон то ресмон», «Шом бозпасин», «Субҳи дурӯғин», «Баргузидаи ашъор», «Девони комили ашъор». Тарҷумаҳо: Тарҷумаи ашъори Ованес Туманян, «Ҳафт чеҳра аз шоирони муосири итолиё», мақолоти зиёде перомуни нақди шеър ва шоирӣ.
Намунаи ашъор
вироишКитоби парешон
- Умеди зистнам дидани дубораи туст.
- Қарорбахши дилам тоби гаҳвораи туст.
- Ту, эй шукуфаи айёми орзумандӣ,
- Бимон, ки дидаи ман равшан аз назораи туст.
- Нигоҳи поки туам субҳи офтобӣ буд,
- Кунун чароғи шабам чашми пур ситораи туст.
- Ба як ишора маро рухсати паридан бахш,
- Ки мурғи ваҳшии дил роми як ишораи тоуст.
- Ба пора кардани авроқи ҳар китоб макуш,
- Дилам китоби парешони пора-пораи туст.
- Шабе намонд, ки бе гиряам ба сар нарасад,
- Зулоли ашки падар барқи гӯшвораи туст.
- Дилам чу мавҷ ба сар медавад зи бими завол,
- Каронае, ки паноҳаш диҳад, канораи туст.
- Хуҷаста Пӯпаки ман, эй ягона кӯдаки ман,
- Умеди зистанам дидани дубораи туст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. — Душанбе,2012. — С. — 125