Нозирҷон Боҳирӣ
Нозирҷон Боҳирӣ — шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990)
Нозирҷон Боҳирӣ | |
Таърихи таваллуд: | 12 август 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Конибодом |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Зиндагинома
вироишНозирҷон Боҳирӣ 12 августи соли 1940 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом зода шудааст. Соли 1965 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан ходими адабии рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», моҳномаҳои «Машъал» ва «Истиқбол» будааст. Муддате дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.
Эҷодиёт
вироишШеърҳояш аз соли 1958 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Андеша» (1975), «Дониш талабу бузургӣ омӯз» (1988), «Талош» (1990), «Оташи обдор»(2010) ва ғ. мебошад. Қиссаи сегонаи Х.Тӯхтабоевро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардондааст (1976). Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1979);
- Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1985);
- Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1991).[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.61 ISBN 978-99947-2-379-9