Ноиб-Президент

(Тағйири масир аз Ноиб - Президент)

Ноиб-Президент (аз лот. vice ва президент) — муовини Президент дар баъзе мамлакатҳои шакли идораи ҷумҳурӣ (ИМА, Бразилия, Булғория, Ҳиндустон ва дигарҳо). Ноиб-Президент якбора бо президент ба ҳамон муҳлат ва бо ҳамон восита интихоб карда мешавад. Талабот ба Ноиб-Президент ҳамон аст, ки ба номзад ба президентӣ гузошта мешавад. Истисно аз ин қоида дар интихоботи Ноиб-Президенти Ҳиндустон ҷой дорад, дар ин ҷо Президентро дар ҳайате, ки аз аъзои ҳар ду палатаи парлумон ва мақоми қонунгузории иёлотҳо иборат аст, Ноиб-Президентро бошад, дар ҷаласаи якҷояи ҳамаи аъзои палатаҳои парлумон интихоб менамоянд. Вазифаи Ноиб-Президент аз иҷро кардани вазифаҳо ва супоришҳои Президент, муваққатан ҷойи ӯро банд кардан ва иҷрои вазифаҳои ӯ дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳояш мебошад. Дар чандин мамлакатҳо (ИМА, Ҳиндустон, Аргентина) мувофиқи вазифа Ноиб - Президент раиси палатаи болоии парлумон мебошад. Дар ИМА Ноиб-Президент ҷои президентро дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати ӯ то тамомшавии салоҳияташ иҷро менамояд. Дар Ҳиндустон он муваққатӣ буда, баъди холӣ шудани ҷойи Президент якбора интихобот таъйин карда мешавад. Дар ҶТ мансаби Ноиб-Президент муҳлати кӯтоҳ (1991-1992) вуҷуд дошт, аммо самаранок набуд. Конститутсияи ҶТ с. 1994 мансаби Ноиб-Президентро пешбинӣ намекунад.[1]

Нигаред низ вироиш

Президент

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 349