Номувофиқии вазифаҳо
Номувофиқии вазифаҳо — номумкин будани якҷоя кардани ваколатномаи дар интихобот гирифта бо ишғол кардани чандин мансабҳои хидмати давлатӣ ё ки бо давлат алоқаманд ё дар соҳаи хусусӣ, ки қонунҳо муайян кардаанд. Ҷорӣ кардани номувофиқии вазифаҳо якчанд ҳадафҳо дорад: риоя кардани усули таҷзияи ҳокимият - роҳ надодан ба он ки парлумон ё мақомоти намояндагии дигар шахсонеро дарбар гирад, ки ба ҳукумат ё аз самти иқтисодӣ ба ӯ вобаста итоаткор бошанд; дар интихобот ба интихобкунандагон додани кафолати озодӣ, ба номзадҳо надодани имкони сӯиистеъмол аз вазифаи худ бо мақсади фишороварӣ; таъмин кардани мустақилии вакилон нисбат ба манфиатҳои хусусӣ. Номувофиқии вазифаҳо дар мамлакатҳои гуногун ишғол накардани вазифаҳо дар шаклу мазмуни гуногун ифода меёбад. Дар чандин мамлакатҳо ваколатномаи вакилӣ бо ишғоли вазифаи судя алоқа надорад (дар Австрия, Финляндия), гарчи гоҳо ин қоида фақат ба судяҳои болоӣ дахл дорад. Ин қоида ба роҳбарони корхонаҳое низ паҳн мегардад, ки ба давлат тааллуқ доранд. Масалан, дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон аъзои Бундестаг ба ваколатномаи вакили палатаи поёнӣ, аъзои ҳукумати иттифоқӣ, бо мансаби судя ва дигар вазифаҳое, ки дар қонунҳои ҳар як замин муқаррар шудааст, мувофиқ нест. Ваколатномаи вакили Бундестаг бошад, бо узвият дар Бундестаг, бо мансаби Президенти Иттифоқ, бо мансаби судя, мансабдори дастгоҳи давлатӣ, бо хидмат дар қувваҳои мусаллаҳ мувофиқ нест. Номувофиқии вазифаҳо баъзе вақт ба ишғоли мансабҳо дар соҳаи хусусии иқтисодиёт низ паҳн мегардад, вале дар он ҳолате, ки корхона, иттиҳодия бо давлат ягон алоқае дошта, бо ин роҳ ба фаъолияти муассисаи интихобӣ таъсир расонда тавонанд. Масалан, дар Фаронса мувофиқи моддаи 146 Кодекси интихобот вазифаи роҳбари корхона, раиси шӯрои маъмурӣ, раис ё узви раёсат, раиси шӯрои мушоҳида, шахси ваколатдори маъмурият, директори генералӣ, муовини ӯ ё идоракунандаи корҳо, ки вазифаҳои худро дар иттиҳодия, корхонаҳои аз тарафи давлат ё мақомоти он кафолат ё ёрии моддӣ расонанда амалӣ мегардонанд, бо ваколатномаи вакилӣ мувофиқ нест. Бештар вақт татбиқи падидаи номувофиқии вазифаҳо худ аз худ амалӣ мешавад, яъне шахс ваколатномаи интихобиро соҳиб шуда, иҷрои вазифаҳои пешинаи худро қатъ мегардонад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 352-353