Нони гиҷда аз орди навъи якум ва дуюм тайёр карда мешавад. Ба об орд, намак ва хамирмоя андохта, хамир мекунанд. Хамирро бештар мушт зада, барои расидан болояшро мепӯшонанд. Аз хамири расида зуволачаҳои 300 г бурида, тунук мекунанд. Нонро дар танӯри бо ҳезум ё ғӯзапоя тафсондашуда мепазанд. Пеш аз бастан ба пушти ҳар як нон об, ба рӯяш баъзан равған мемоланд. Сипас, лахчаро ба мобайни танӯр ҷамъ карда, бо хокистар (ё бо сарпӯши оҳанин) мепӯшанд. Баъди якчанд вақт ба рӯйи нон об мепошанд, сипас барои нонро сурх кардан болои лахчаҳоро кушода, бо сачоқи нам шамол медиҳанд. Баъди 20-25 дақиқа нон мепазад. Нони пухташударо бо рафида ё белчаи элакмонанд мекананд. Барои нони гиҷда ба 1 кг орд 2 истакон об, 2 қошуқча намак, барои ба рӯи нон молидан 4 қошуқ равған лозим аст.[1]

Пайвандҳо

вироиш