Нони обӣ
Нони обӣ асосан аз орди гандум, хамирмоя, об ва намак хамир мекунанд. Хамири нони обӣ нисбатан суст, зуволаҳояш хурд (200 граммӣ) мебошад. Барои надамидани нон ба он пешакӣ нонпар мезананд. Пеш аз часпондани нон лахчаро ба мобайни танӯр тӯда мекунанд. Ҳар як нонро ба рӯи рафида гузошта, ба қафояш об мезананд ва ба танӯр оҳиста мечаспонанд. Баъди нағз пухтани нон онро зуд аз танӯр канда мегиранд. Барои нони обӣ ба 1 кг орд 2 истакон об, 2 қошуқча намак, 20 г хамирмоя лозим аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Нон. 20 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |