Ноҳияи Обигарм — воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон, округи Ғарм ва вилояти Ғарм буда, аз соли 1931 то соли 1959 вуҷуд дошт. Масоҳати ноҳия, тибқи маълумоти соли 1947, 0,8 ҳазор км² буд. Аҳолӣ аз рӯи маълумоти соли 1939 23 296 нафар, аз ҷумла тоҷикон 97,6 %, русҳо 1,6 % буд[1].

Ноҳияи Обигарм
Кишвар  Тоҷикистон
Таърих ва ҷуғрофиё

Ноҳияи Оби Гарм дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон соли 1931 дар заминаи тумани Обигарми ноҳияи Ҳисор ташкил карда шуд. Маркази ноҳия деҳаи Обигарм таъйин шуд.

Соли 1938 ноҳия Обигарм ба округи Ғарм ва 27 октябри соли 1939 ба ноҳияи Ғарм вобаста карда шуд. 31 январи соли 1944 ноҳияи Обигарм ба вилояти Сталинобод дода шуда буд, вале аллакай 11 феврали соли 1947 ба вилояти Ғарм баргардонда шуд.

23 октябри соли 1950 дар ноҳияи Обигарм ҷамоатҳои деҳоти Майдон ва Калъаидашт барҳам дода шуд; ҷамоатҳои деҳоти Бедиҳо ва Луғур ба ҷамоати деҳоти Первомайский, Ҷавонӣ ва Сарой ба ҷамоати деҳоти Қалъаинав хпайвастанд.

17 апрели соли 1954 дар ноҳияи Обигарм ҷамоати деҳоти Ғашён ва 18 декабри ҳамон сол ҷамоати деҳоти Первомайский барҳам дода шуд.

24 августи соли 1955 дар робита ба барҳам додани вилояти Ғарм ноҳияи Обигарм ба тобеъи мустақими ҶШС Тоҷикистон шуд ва аз 4 марти соли 1959 бо ба ихтиёри ноҳияҳо Комсомолобод ва Файзобод додани ҳудуд ноҳияи Обигарм барҳам дода шуд[2][3]. Феълан сарҳамини ноҳияи Обигармро ноҳияи Роғун фаро гирифтааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сел союзных республик СССР(пайванди дастнорас — таърих). 15 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 май 2021.
  2. Сборник законов Таджикской ССР, указов и постановлений Президиума Верховного Совета Таджикской ССР (1938-1958). — Сталинабад, 1959.
  3. Ведомости Верховного Совета СССР. № 11 (943), 1959 г.