Вилояти Ғарм
Донистаниҳо
Кишвар : Иттиҳоди Шӯравӣ
Ҷумҳурӣ : ҶШС Тоҷикистон
Марказ: Ғарм
Замони таъсис : 27 октябри 1939
Замони барҳам хурдан: 25 августи 1955
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 19 900 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ноҳияҳо : 11
Мардум
Аҳолӣ (1939) : 182 800 кас
Забони расмӣ : русӣ, тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, қирғизӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа :
ISO-намоя :
Пешшумора :
Нишонии почта :
Замон : UTC+5
Шумораи мошинҳо : СБ

Вилояти Ғарм (форсӣ: ولایت غرم‎) — воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар солҳои 19391955 буд. Ин вилоят дар шимолу шарқи кишвар, дар дараи рӯди Сурхоб ҷойгир буд.

Маркарзи идории вилоят шаҳраки Ғарм буд.

Таърих

вироиш
 
Вилояти Ғарм

Вилояти Ғарм бори нахуст дар соли 1924 ташкил шуд ва то соли 1929 вуҷуд дошт, аммо дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931—1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд. 16 марти соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд шуд, аммо як сол пас барҳам дода шуд.

Дуюмбора вилояти Ғарм бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 октябри соли 1939[1] таъсис ёфт ва ноҳияҳои Ғарм, Ҷиргатол, Қалъаи лаби Об, Қалаъи Хум, Комсомолобод, Оби Гарм, Сангвор, Тавилдара, Ҳоит, ноҳияи Ванҷ ва Шулмакро дар бар мегирифт.

 
Вилояти Ғарм дигар вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон

Вилояти Ғарм бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 августи соли 1955 барҳам дода шуд ва сарзамини он бахiе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Ҳамаи мардуми Вилояти Ғарм аз тоҷикон ва дар ноҳияи Ҷиргатол қисман қирғиз ва пайрави дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ буданд.




  1. Гармская область. (2010, июнь 16). Википедия, свободная энциклопедия. Retrieved 20:11, июня 16, 2010 from http://ru.wikipedia.org/?oldid=25470058.

Сарчашма

вироиш