Ноҳияи Олой
Ноҳияи Олой (қирғ. Алай району) — воҳиди маъмурӣ дар вилояти Ӯши Қирғизистон. Маркази ноҳия — деҳаи Гулча (қирғ. Гүлчө).
қирғ. Алай району | |
Кишвар | Қирғизистон |
Тобеъи | Вилояти Ӯш |
Шомили | 14 деҳистон (ҷамоти деҳот) |
Маркази маъмурӣ | деҳаи Гулча |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 1928 |
Масоҳат |
|
Вақти минтақавӣ | UTC+6:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 72 110 нафар (2007) |
Миллият | 99% қирғизҳо |
Мазҳаб | мусулмонон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишСоли 1928 райони Олой-Гулча ташкил карда шуд. Соли 1936 ба 2 ноҳия — Олой ва Чон-Олой тақсим шуд. 23 июли соли 1958 ҳарду ноҳия дубора бо номи ноҳияи Олой муттаҳид карда шуданд [2] . 29 октябри соли 1958 ноҳияи Гулча ба ноҳияи Олой ҳамроҳ карда шуд [3] .
Соли 1992 баъди эълони истиқлолияти Қирғизистон он дубора ба 2 ноҳия – Олойи шарқӣ ва Чон-Олой (Ғарбӣ) тақсим шуд.
Рӯзи 5 октябри соли 2008 дар наздикии рустои Нура заминларзаи 8 дараҷаӣ рух дод, ки бар асари он 75 нафар, аз ҷумла 42 кӯдак кушта шуданд.
Ҷуғрофиё
вироишМасоҳати ноҳия 7582 км² буда, 26% масоҳати умумии вилояти Ӯшро ташкил медиҳад.
Ноҳияи Олой дар ду водӣ — Олой ва Гулча воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳия, дар марз бо Чин, гузаргоҳи "Иркештам-Автодорожный" ҷойгир аст.
Аҳолӣ
вироишМувофиқи маълумоти барӯйхатгирии умумииттифоқии аҳолӣ [4] дар соли 1989 дар ҳудуди ноҳияи Олой (аз ҷумла ноҳияи Чон-Олой, ки солҳои 1959—1992 ба ҳайати он дохил буд) 66858 нафар зиндагӣ мекард. Дар соли 2007 аҳолии ноҳия — 72110 нафар, аз ҷумла қирғизҳо 71901 нафар ё 99,6% буданд.
Тақсимоти маъмурӣ
вироишНоҳия 14 деҳистонро (ҷамоати деҳотро) дар бар мегирад, ки дар онҳо 65 маҳалли аҳолинишини деҳот ҷойгир аст[5]:
- Деҳистони Олойи ба номи К. Белекбоев: д. Сӯфӣ-Қӯрғон (марказ), Аскалӣ, Ҷиргатол, Колдук, Таргалак, Терак, Чий-Тала;
- Деҳистони Будалик: д. Қаро-Сув (марказ), Қайнама, Тамга-Терак, Қум-Шоро, Октябр, Ӯро-Теппа;
- Деҳистони Булӯлу: д. Қӯшулуш (марказ), Кичик-Булӯлу, Кӯл-Чатӣ, Чон-Булӯлу;
- Деҳистони Гулча: д. Гулча (марказ), Қаро-Булоқ, Ҷили-Сув, Тош-Короо, Чакмак, Курмаҷон Датка;
- Деҳистони Ҷошолу: д. Янги-Турмуш (марказ), Аюу-Тапан, Коммунизм, Ленин-Юл, Мияздӣ, Ӯрта-Сув, Осоавиахим, Қаро-Токту;
- Деҳистони Конур-Теппа: д. Бӯз-Қараган (марказ), Ҷар-Қишлоқ, Қаро-Шоро, Арпа-Тектир, Қизил-Ӯй;
- Деҳистони Кабилан-Кӯл: д. Кабилан-Кӯл (марказ), Кунгуй, Қаро-Ҷиғач, Курулуш;
- Деҳистони Корул: д. Тоғуз-Булоқ (марказ), Кен-Ҷилға, Якуми май, Арал;
- Деҳистони ба номи Ленин: д. Сугунду (марказ), Гагарин, Кун-Элек, Мурдаш;
- Деҳистони Толдӣ-Сув: д. Толдӣ-Сув (марказ), Арча-Булоқ, Кӯк-Булоқ, Кургак, Сари-Муғул;
- Деҳистони Сари-Муғул: д. Сари-Муғул (марказ);
- Деҳистони Уч-Теппа: д. Кичик-Қарокӯл (марказ), Оқ-Босого, Оқ-Ҷой, Геҷиге, Қизил-Олой, Чон-Қарокӯл;
- Деҳистони Янги-Олой: д. Янги-Олой (марказ), Янги-Ариқ;
- Деҳистони Сари-Тош: д. Сари-Тош (марказ), Кӯк-Сув, Нура;
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 http://www.stat.kg/ru/statistics/download/operational/825/
- ↑ Ведомости Верховного Совета СССР. № 18 (913), 1958 г.
- ↑ Ведомости Верховного Совета СССР. № 31 (926), 1958 г.
- ↑ Демоскоп Weekly — Приложение. Справочник статистических показателей(пайванди дастнорас — таърих). 1 августи 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2014.
- ↑ Государственный классификатор системы обозначений объектов административно-территориальных и территориальных единиц (СОАТЕ), 29.04.2023г., стр.50. 22 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июли 2023.