Ноҳияи Пахтаарал (Мақтаарал, собиқ номи то соли 1993 — Пахта-Арал, (қаз.)) — ноҳия дар ҳайати вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон аст. Ноҳияи ҷанубитарини Қазоқистон.

Ноҳияи Пахтаорал
Мақтаарал ауданы
Нишон
Нишон
Кишвар  Қазоқистон
Тобеъи Вилояти Туркистон
Маркази маъмурӣ Ҷетисой ва Мирзоканд
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1928
Масоҳат
  • 1 800 км²
Вақти минтақавӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 304 294 тан (2017)
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Пахтаорал дар харита

Маркази маъмурӣ деҳаи Мирзоканд мебошад. Аҳолӣ — 133539 нафар. Масоҳати ноҳия 1800 км² мебошад.

Ноҳия соли 1928 таъсис ёфтааст. Моҳи майи соли 1944 шӯродеҳаҳои Прогрессский ва Сакко-Ванзетти ба ноҳияи нави Иличевск гузаронида шуданд [1] . Моҳи марти соли 1963 яҷчоя бо ноҳияҳои Киров ва Иличевск ба вилояти Сирдарёи РСС Ӯзбекистон дода шуд. Соли 1971 аксари онҳо ба вилояти Шимканди (Чимкенти) ҶШС Қазоқистон баргардонида шуданд [2] .

4 майи соли 1993 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии Қазоқистон дар забони қазоқӣ ноҳияи Пахтаарал (Пахтаарал ауданы) ба ноҳияи Мақтаарал (Мақтаарал) табдил дода шуд. Номи узбекӣ — Пахтаарал тумани [3] .

5 июни соли 2018 ноҳияи Ҷетисой аз ноҳияи Мақтаарал ҷудо карда шуд [4].

Маҳаллаҳои калон: шаҳраки Асиқата (собиқ Кировский), деҳаи Отаканд (собик Илич), деҳаи Мирзоканд (собик Славянка).

Пас аз аломатгузории сарҳад ноҳияи Пахтаарал аз се тараф бо қаламрави Узбакистон иҳота шуда, аз тарафи чорум ба обанбори Шардара ҳамшафат буд. Ҳамин тариқ, ноҳияи Пахтаарал имрӯз нимэксклав аст. 15-километрии ғарб дар соҳили обанбор дигар нимэксклави Қазоқистон — Арнасой ҷойгир аст.

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолии ноҳия (дар ибтидои соли 2019) асосан қазоқҳои этникӣ (96075 нафар ё 72,16%) хос аст. Аммо дар ин ҷо бузургтарин ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, яъне 14989 нафар (ё 11,26 дарсад) зиндагӣ мекунанд. Ба ғайр аз тоҷикон ӯзбекҳо хеле зиёданд — 10872 нафар, ё худ 8,17 фоизи аҳолиро ташкил медихад. Қаблан русҳо, украинҳо ва немисҳо аксаран ин минтақаро тарк кардаанд.

Тақсимот

вироиш

67 деҳа, 2 шаҳрак, 8 ҳавзаи деҳот (ҷамоати деҳот):

  • Иличевск
  • Мирзокент
  • Оёзхон Қолибеков
  • Бирлик
  • Достиқ
  • Енбекчӣ
  • Ҷомбул
  • Жанажол
  • Ҷолдобой Нурлибоев
  • Ирҷар
  • Пахтаорал

Ҳокимон

вироиш
  1. ?
  2. Умарбек Нурҷонов (аз 2003 - январи 2009)
  3. Ҳомидов Қосимбек Турсунбоевич (аз январи 2009 - августи 2010)
  4. Турбеков Серик Ордабекович (аз августи 2010 - 29 майи 2015)
  5. Бойсанбоев Жамантай Канаевич (2015-08.2016)
  6. Исмоилов Олим Ибрайулӣ (аз 08.2016)

Диданиҳо

вироиш

То имрӯз дар ноҳия 16 ёдгории таърихӣ ва 9 ёдгории шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ҳифз шудаанд.

  1. Ошибка: не задан параметр |заглавие= в шаблоне {{публикация}} // Ошибка: не задан параметр |издание= в шаблоне {{публикация}}.
  2. Галушко И. Пограничное состояние // Экспресс К. — № 37 (16909). — 03.03.2010.(пайванди дастнорас — таърих). 28 сентябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 марти 2010.
  3. Постановление Президиума Верховного Совета Республики Казахстан от 4 мая 1993 года № 2001 «Об упорядочении транскрибирования на русском языке казахских топонимов, наименовании и переименовании отдельных административно-территориальных единиц Республики Казахстан».
  4. Указ Президента Республики Казахстан «Об изменениях в административно-территориальном устройстве Южно-Казахстанской области» от 5 июня 2018 года № 698