Ноҳияи Қаро-Сув

(Тағйири масир аз Ноҳияи Қаросув)

Ноҳияи Қаро-Сув (ноҳияи Қаросув; қирғ. Кара-Суу району) — воҳиди маъмурии вилояти Ӯши Қирғизистон аст. Маркази маъмурии ноҳия шаҳри Қаро-Сув мебошад.

Ноҳияи Қаросув
Кара-Суу району
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Ӯш
Шомили 1 шаҳр, 16 ҷамоати деҳот ва 137 деҳа
Маркази маъмурӣ Қаро-Сув
Роҳбар Канат Табалдиев
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1935
Масоҳат 3616 км²
Вақти минтақавӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 448 608 нафар (2021)
Миллият

қирғизҳо — 54,3%
ӯзбекҳо — 38,5%
ӯйғурҳо — 3,0%
тоҷикон — 1,7%
туркҳо — 1,0%

озарбойҷониҳо — 0,7%
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ қирғизӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 723300
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Қаросув дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофия

вироиш

Ноҳияи Қаросув бештар дар воҳаи Ӯш-Қаросув воқеъ аст. Аз соли 1962 ноҳияи Ӯш ба ҳайати ин ноҳия дохил шуд, ноҳияи Қаросув дар атрофи маркази вилоят — шаҳри Ӯш ҷойгир шуд.

Дар наздикии маркази вилоят, шаҳри Қаро-Сув сарҳади давлатӣ бо Ӯзбекистон аз канали магистралии Шаракансой мегузарад.

Ҳудуди ноҳия дар қисмати марказии вилоят аз шимол ба ҷануб тӯл кашида, дар канори шарқии водии Фарғона ва доманаҳои кӯҳии қаторкӯҳҳои Олой ҷойгир аст.

Иқтисодиёт ва тиҷорат

вироиш

Ноҳия дар иқтисодиёти вилоят нисбат ба дигар ноҳияҳо вазни аз ҳама калон дорад. Маркази вилоят дар водии Фарғона калонтарин бозори яклухт ва чакана дорад.

Мавқеи сарҳадӣ боиси ҳамкории қавии ӯзбекҳо ва қирғизҳо гардид, ки муддати тӯлонӣ тиҷорати муштарак доштанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар назди сарҳади давлатӣ ӯзбекҳо хеле зиёданд.

Дар наздикии маркази вилоят гузаргоҳи байналмилалии сарҳадии «Достук» (Дӯстӣ) ҷойгир аст. Дар ноҳия 60953 хоҷагӣ мавҷуд аст.

Дар ноҳияи Қаросуви вилояти Ӯши Қирғизистон таҳти сарпарастии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як микроноҳия барои 7000 нафар сохта мешавад.

Аллакай барои сохтмон 38 гектар замин чудо карда шудааст. Арзиши тахминии лоиҳа 140 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба наздикӣ дар минтақаи Қаро-Сув ба сохтмони 2 гармхона дар асоси қувваи офтобӣ шурӯъ кардан дар назар аст.

Иқлим

вироиш

  Иқлими қисми ҳамвории ноҳия субтропикӣ, хушк; дар заминҳои кӯҳсор минтақаи иқлими континентӣ вуҷуд дорад.

Зимистонҳои ин ноҳия кӯтоҳ ва мулоим аст. Ҳарорат дар сардтарин моҳ -3…-5 дараҷа гарм мешавад.

Аз баҳрҳо ва уқёнусҳо дур будани ноҳия боиси кам шудани боришот мегардад. Баҳор зеботарин фасли сол аст. Ба шарофати боронҳои баҳорӣ ва офтоби гарм манзараи нимбиёбони ин минтақа бо шуриши рангҳо дигар мешавад.

Тобистон гарм ва дароз аст. Ҳарорати рӯзона дар моҳи июл ба ҳисоби миёна +34...+36 дараҷа гарм мешавад. Офтоби сӯзон ва боришоти хеле маҳдуд аксари фасли тобистонро ҳамроҳӣ мекунанд.

Аҳолӣ

вироиш

Тибқи барӯйхатгирии аҳолии Қирғизистон дар соли 2009 шумораи аҳолии ноҳия 348645 нафар, аз ҷумла қирғизҳо — 189262 нафар ё 54,3%, ӯзбекҳо — 134340 нафар ё 38,5%, уйғурҳо — 10445 нафар 3,07%, тоҷикон — 5947 нафар ё 1,7%, туркҳо — 3368 нафар ё худ 1,0%, озарбойҷонҳо — 2440 нафар ё худ 0,7%, дунғонҳо — 786 нафар ё 0,2%, тоторҳо — 749 нафар ё 0,2%.

Деҳаи Таширови ноҳияи Қаро-Сув маҳалли аҳолинишини дунғонҳо аст.

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш

Ба ҳайати ноҳия 1 шаҳри дорои аҳамияти вилоятӣ – Қаро-Сув ва 16 ҷамоати деҳот (деҳистон) дохил мешаванд, ки дар онҳо 137 деҳот ҷойгир аст [2] :

  1. Ҷамоати деҳоти Оқ-Тош: д. Оқ-Тош (марказ), Ҷилкелдӣ, Барак;
  2. Ҷамоати деҳоти Янги-Ариқ: д. Янги-Ариқ (марказ), Оқ-Терак, Правда, Тош-Ариқ;
  3. Ҷамоати деҳоти Ҷоош: д. Болшевик (марказ), Агартув, Ғайрат, Зарбалиқ, Калинин, Коммунизм, Қизил-Қӯшчӣ, Қизил-Сарой, Маданият, Момоҷон, Питомник;
  4. Ҷамоати деҳоти Катта-Толдиқ: д. Бош-Булоқ (марказ), Янги-Турмуш, Қаро-Сӯгӯт, Толдиқ, Кичик, Қизил-Ӯрда, Содирбой, Эшма, Ачӣ, Торғой-Булоқ;
  5. Ҷамоати деҳоти Қашғар-Қишлоқ: д. Қашғар-Қишлоқ (марказ), Олға-Бос, Андиҷон-Маҳалла, Бек-Ҷар, Ҷаз-Ӯӯз, Кенҷакӯл, Тоҷик-маҳалла, Монок;
  6. Ҷамоати деҳоти Қизил-Қишлоқ: д. Қизил-Қишлоқ (марказ), Андиҷон, Бел-Қишлоқ, Янги-Қишлоқ, Карл Маркс, Коммунист, Қизил-Байрақ;
  7. Ҷамоати деҳоти Қизил-Сув: д. Чайчӣ (марказ), Оқ-Ҷар, Қӯрғон, Миялӣ, Алпӯрда, Тало, Учқун;
  8. Ҷамоати деҳоти Мадӣ: д. Қирғиз-Чек (марказ), Ҳасанчек, Ҷӯш, Қаҳрамон, Лаглан, Мадӣ, Октябр, Сотсиализм, Тээке, Учқун, Чағир;
  9. Ҷамоати деҳоти Наримон: д. Нариман (марказ), Олимтеппа, Бешмӯйноқ, ВЛКСМ, Янги-Маҳалла, Ҷийдалик, Қаротой, Осмон, Курӯнкӯл, Қизил-Меҳнат, Лангар, Нурдор, Ҷим, Тоҷикобод;
  10. Ҷамоати деҳоти Отуз-Адир: д. Отуз-Адир (марказ), Қаротеппа, Қизилобод, Қишобод, Савай-Ариқ, Фурқат, Интимоқ, Янги-Қизилсу, Тинчтик;
  11. Ҷамоати деҳоти Сарикалот: д. Сарикалот (марказ), Оқ-Калот, Қурбон-Қаро, Шералӣ, Присавай, Тинчтик;
  12. Ҷамоати деҳоти Папон: д. Папон (марказ), Оқ-Терак, Олучалӣ, Ота-Мерек, Бӯру, Қарогур, Хоҷа-Калон, Қизил-Тув, Тоғуз-Булоқ, Оқ-Бура-1, Оқ-Бура-2, Оқ-Бура-3, Оқ-Бура-4, Камир-Сув, Ҷар-Бошӣ, Чичкон-Кӯл, Андагул, Янги-Турмуш;
  13. Ҷамоати деҳоти Савай: д. Қизил-Шарқ (марказ), Кен-Сой, Кечкен-Ҷар, Қурбон-Қаро, Қидирша, Октябр, Интимоқ, Савай, Султонобод;
  14. Ҷамоати деҳоти Сарой: д. Киров (марказ), Эркин, Присавай, Конурат, Телман, Оқ-Орго;
  15. Ҷамоати деҳоти Тӯлӯйкӯн: д. Деҳқон-Қишлоқ (марказ), Қирғизистон, Ӯзгур (қисман), Тӯлӯйкӯн (қисман), Учар, Бодур-Тош, Жапалак;
  16. Ҷамоати деҳоти Шарқ: д. Шарқ (марказ), Тошлоқ, Имом-ота, Маданият, Тӯп-Терак, Фурқат, Мадраса;

Маориф

вироиш
  • Мактаб-гимназияи №65 ба номи Собиров (ноҳияи Қаро-Сув);
  • Мактаби № 66 ба номи В.И. Ленин (шаҳри Қаро-Сув);
  • Мактаби миёнаи № 71 ба номи А. Раҳмоналиев (ноҳияи Қаросув);
  • Гимназияи «Қаро-Сув»-и Донишгоҳи давлатии Ӯш (шаҳри Қаро-Сув).
  • Гимназия-интернати №61 ба номи К Жакипов.

Сокинони намоён

вироиш
  • Ҷолон Мамитов (01.04.1940 -07.03.1988) дар деҳаи Тулуйкуни ноҳияи Қаро-Сув таваллуд шудааст, шоир ва нависандаи халқӣ
  • Мендӣ Мамазаиров (01.05.1943) дар деҳаи Конур-Ҷази ноҳияи Қаро-Сув таваллуд шудааст, нависандаи халқӣ.
  • Гапар Айтиев (1912-1984) дар деҳаи 1-уми Тулуйкун таваллуд шудааст, яке аз аввалин рассомони советӣ — қирғизӣ, рассоми халқии ҶШС Қирғизистон ва СССР.
  • Токон Эшпаев (1950-2014) дар деҳаи Керме-Туви ноҳияи Қаро-Сув, баянчии шӯравӣ ва қирғиз, солист — вокалисти филармонияи вил. Ӯш, ҳунарманди халқии Қирғизистон.
  • Усмон Яъқубов (1911—1944) Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар деҳаи Тоғуз-Булак (ҳоло ноҳияи Қаро-Сув) таваллуд шудааст, дар сохтмони канал зиндагӣ ва кор кардааст.
  • Иброҳим Ҷунусов (13.05.1961) дар деҳаи Саройи ноҳияи Қаро-Сув таваллуд шудааст, муовини собиқи сарвазири Қирғизистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон.
  • Турапов Каримбердӣ Ирисалиевич  дар деҳаи Қизил-Суви ноҳияи Қаро-Сув таваллуд шудааст, ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон.
  • Курсан Асанов дар деҳаи Янги-Ариқи ноҳияи Қара-Суви таваллуд шудааст, Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба минтақаи ҷанубӣ[3].
  • Султони Раев (13.07.1958) дар деҳаи Ҷӯш, нависанда, драматург ва ходими давлатии қирғиз, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон.
  • Йилдизхон Ҷолдошева, деҳаи Қирғиз-Чеки ноҳияи Қаро-Суви вилояти Ӯш таваллуд шудааст, ходими давлатӣ.