Ноҳияи Ӯзган ( қирғ. Өзгөн району ) воҳиди маъмурии вилояти Ӯши Қирғизистон аст. Маркази маъмурӣ шаҳри Ӯзган мебошад.

Ноҳияи Ӯзган
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Таърих

вироиш

Ноҳия 24 декабри соли 1928 бо қарори махсуси Президиуми Комиҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон ташкил карда шудааст.

26 феврали соли 1943 8 деҳшӯрои нохияи Ӯзган ба ҳайати ноҳияи нави Мирзо-ака[1] дода шуд.

29 октябри соли 1958 ба ҳайати он маҳалҳои ахолинишин ва қаламрави ноҳияи барҳам додашудаи Мирзо-ака дохил карда шуданд. 26 ноябри соли 1959 ноҳияи Куршаб ба нохияи Ӯзган ҳамроҳ карда шуд.

Масоҳаташ — 3400 км². Асоси иктисодиёт хоҷагии қишлоқ мебошад.

Аҳолӣ

вироиш

Тибқи барӯйхатгирии Қирғизистон дар соли 2009, шумораи аҳолии ноҳия 228,114 нафар буд, аз ҷумла:

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш

Ба ҳайати ноҳия 1 шаҳри дорои аҳамияти вилоятӣ – Ӯзган ва 19 ҷамоати деҳот (ҳавзадеҳот) шомиланд, ки дар онҳо 107 маҳаллаи аҳолинишин ҷойгир аст[2]:

  • шахри тобеи ноҳия — Ӯзган;
  • 19 ҷамоати деҳот:
  1. Ҷамоати деҳоти Оқ-Ҷар: д. Оқ-Ҷар (марказ), Қақир, Семизкӯл, Болшевик;
  2. Ҷамоати деҳоти Олтин-Булоқ: д. Олтин-Булоқ (марказ), Чечебой, Тош-Башот, Сасиқ-Булоқ, Қаро-Батқоқ, Кандава;
  3. Ҷамоати деҳоти Бош-Теппа: д. Кенгаш (марказ), Янги-Йӯл, Қӯш-Қӯрғон, Қизил-Хирмон, Қашқа-Терак;
  4. Ҷамоати деҳоти Дӯнг-Булоқ: д. Бахмал (марказ), Бобош-Уулу, Бӯксӯ-Йӯл, Янгиобод, Дӯнг-Булоқ, Қаро-Дарё, Мичурин, Ӯзгӯруш, Тӯӯлӯс, Чимбой;
  5. Ҷамоати деҳоти Ҷалпак-Тош: д. Қурбу-Тош (марказ), Оқ-Терак, Карл Маркс, Киров, Қисиқ-Олма, Туз-Бел, Учкаптал, Қаро-Тариқ, Олча-Башот, Буз-Ала;
  6. Ҷамоати деҳоти Ҷилондӣ: д. Ҷилондӣ (марказ), Калта, Красний Маяк, Прогресс, Яссӣ, Ботомойноқ;
  7. Ҷамоати деҳоти Ҷазӣ: д. Қаро-Деҳқон (марказ), Қизил-Деҳқон, Ҷеренчӣ, Ҷазӣ;
  8. Ҷамоати деҳоти Заргар: д. Тосой (марказ), Аюу, Янги-Овул, Заргар, Қайрат, Қутурған, Ничке-Сой, Токтуғул;
  9. Ҷамоати деҳоти Ийри-Сув: д. Ҷийда (марказ), Оқ-Терек, Ҷангактӣ, Қаро-Колот, Корс-Эттӣ, Қирғизистон, Ӯрқазған;
  10. Ҷамоати деҳоти Қара-Тош: д. Ийрек (марказ), Қӯрғон, Ункур, Интимоқ, Элчибек;
  11. Ҷамоати деҳоти Қаравул: д. Қаравул (марказ), Ҷан-Шоро, Мирзо-Ариқ, Ӯрта-Ариқ, Шералӣ;
  12. Ҷамоати деҳоти Кӯлдук: д. Шамол-Терак (марказ), Чалк-Ӯйда;
  13. Ҷамоати деҳоти Куршабский: д. Куршаб (марказ), Эрдик, Шағим;
  14. Ҷамоати деҳоти Қизил-Октябр: д. Старая Покровка (марказ), Олға, Беш-Абишка, Гузар, Қӯчқор-Ота, Кремл, Қуршоб, Қизил-Октябр, Қизил-Сангир, Интимоқ;
  15. Ҷамоати деҳоти Қизил-Тоо: д. Қизил-Тоо (марказ), Донуз-Тоо, Оқ-Қия, Карчабек, Эркин-Тоо;
  16. Ҷамоати деҳоти Мырза-Ака: д. Мирзо-Ака (марказ), Адир, Бобур;
  17. Ҷамоати деҳоти Саломалик: д. Саломалик (марказ), Оқ-Терак, Ара-Кӯл, Қӯшэтер, Қизил-Байрақ, Қизил-Чорбо, 15 Ёш;
  18. Ҷамоати деҳоти Тӯрт-Кӯл: д. Шӯро-Бошот (марказ), Она-Қизил, Бӯстон, Қиймил, Макаренко;
  19. Ҷамоати деҳоти 'Чангет: д. Чангет (марказ), Остуруу.
  1. Информационные сообщения : [арх. 5 Декабри 2021] // Ведомости Верховного Совета СССР. — 1943. — № 20 (226). — С. 2.
  2. Государственный классификатор системы обозначений объектов административно-территориальных и территориальных единиц (СОАТЕ), 29.04.2023г., стр.55. 14 августи 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июли 2023.