Ноҷӣ, Ноҷии Поёндеҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз деҳа то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 11 км. Аҳолиаш 1282 нафар (2020[1];943 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Деҳа
Ноҷии Поён
Ноҷӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Мирзо Ризо
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 943 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Мардум

вироиш

Аҳолии Ноҷии Поён аввали солҳои 50-уми а.20 аз деҳаи Ноҷии Боло кӯч баста ба заминҳои навкорам омада ба пахтакорӣ машғул шудаанд. Баъдан ба ин макони навобод якчанд хонавода аз минтақаи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ихтиёран ба Ноҷии Поён мусофират намуда муқимӣ шудаанд. Мардуми Ноҷии Поён ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул буда, алҳол дар хоҷагии «Баракати чорводор» кор мекунанд. Дар Ноҷии Поён мактаби асосӣ, масҷиди 5 вақта мавҷуд аст[3].

  1. Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 427