Ҷамоати Мирзо Ризо — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Мирзо Ризо
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 25 434 тан (2015)
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Аҳолӣ — 31 826 нафар (2020)[1].

Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, аҳолиаш 25434 нафар ва 5898 хоҷагӣ дорад (2015). Дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода, марказаш деҳаи Деҳи Нав, дар масофаи 11 км аз маркази ноҳияи Ҳисор воқеъ гардидааст. Аз ғарб ба Ҷамоати Чузии ноҳияи Шаҳринав, аз шарц ба Ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор, аз шимол ба қаторкӯҳҳои Ҳисор ва аз ҷануб ба Ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор ҳамсарҳад аст. Ҷамоат с.1932 таъсис дода шуда, он қаблан Ноҷӣ ном дошт. С. 1936 Ҷамоати Ноҷӣ ба Ҷамоати Навобод ҳамроҳ карда мешавад. С. 1955 Ҷамоати Навобод ба номи Мирзо Ризо гузошта шуд. С. 1957 аз Ҷамоати Навобод ҷудо карда шуда, ба Ҷамоати Қарамқул (Мирзо Турсунзода) ҳамроҳ карда мешавад. С. 1964 деҳаҳои ҷамоатро аз ҳайати Ҷамоати Қармақул (Мирзо Турсунзода) ҷудо карда, идораи онро ба деҳаи Тӯда мекӯчонанд. Майдони умумии заминҳои ҷамоат 20543,33 га буда, аз он заминҳои корам 1199,28 га, заминҳои обӣ 936, 016 га, чарогоҳ 112 га. Дар ҳудуди ҷамоат 8 хоҷагии ҷамоавӣ ва 120 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ фаъолият доранд. Ба деҳаҳои Деҳи Нав, Ҷалолобод, Сурхакчашма, Ноҷӣ, Чуқурак, Ҳосилот (собиқ Болшевик), Хокистартеппа, Бӯйробоф, Тӯда, Тӯдаи Боло, Хӯчилдиёри Боло, Сурхакчашмаи Боло, Ноҷии Боло, Хӯчилдиёр, Нуробод дохил мешаванд. Дар ҳудуди ҷамоат 7 мактаби миёна, 4 асосӣ, 1 ибтидоӣ, 9 китобхона, аз ҷумла китобхонаҳои шахсии С.Ҳайдаров ва А.Подабонов, 4 толори варзишӣ, 6 майдони варзишӣ, беморхонаи ноҳиявии № 1, 2 маркази саломатӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ, 4 дорухона, 70 мағозаю дӯкон, дӯкони таъмири пойафзол, 6 сартарошхона, 10 нонвойхона, 8 ошхона, 1 заводи ғишт ва 8 осиёби обӣ ва барқӣ фаъолият доранд.[2]

Деҳаҳои ҷамоат

вироиш
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2022)
Деҳи Нав 1126
Ҷалолобод 1392
Чуқурак 1828
Сурхакчашма 2905
Ноҷии Поён 1323
Ҳосилот 2741
Хокистартеппа 1048
Бурёбоф 918
Тӯда 8437
Тӯдаи Боло 236
Хочилдиёри Боло 1448
Сурхакчашмаи Боло 442
Ноҷии Боло 4215
Хочилдиёр 3593
Нуробод 1721

Адабиёт

вироиш
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 556