«Нузҳату-л-қулуб»  (ар. نزهةالقلوب‎) — асари ҷуғрофиёию космографиест, ки дар он ҳудуди Эрон, Озарбойҷон, Ироқ ва Осиёи Хурд тасвир ёфта аст. Онро Ҳамдуллоҳи Муставфӣ тақрибан солҳои 1339—1340 таълиф намуда, дар бораи ҳар як вилоят, обёрӣ, зироат, ҳосил, ҳунармандӣ ва хироҷи он маълумот овардааст[1].

Нузҳату-л-қулуб
  1. Нузҳат-ул-қулуб / Т. Муҳиддинов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).