Нурулло Исматуллоевич Ғиёсов (тав. 26.10.1954) Хуҷанд, вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

Нурулло Ғиёсов
Нурулло Исматуллоевич Ғиёсов
Таърихи таваллуд 26 октябр 1954(1954-10-26) (70 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Ихтисос филолог- шарқшинос

  • Солҳои 1977-1978 — Муҳаррири маҷаллаи Садои Шарқ
  • Солҳои 1978-1980 — Муҳақиқ-коромўзи шуъбаи арабии Институти шарқшиносӣ
  • Солҳои1980-1987 — Аспиранти Институти шарқшиноси АН СССР
  • Солҳои 1987-1988 — Сарлаборанти шуъбаи арабии Институти шарқшиносӣ
  • Солҳои 1988- 1989 — Муаллими кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгори шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров
  • Солҳои1989- 1990 — Сармуаллими кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии педогогии Ленинобод
  • Солҳои1990-1995 — Дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои1995-1996 — Ҷонишини декани факултети филолгияи тоҷик Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1996-1997 — Дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони тоҷикӣ
  • Солҳои 1998-2001 — Ходими илмии маркази Сомониён
  • Соли 2001 — Сарвари маркази Сомониён
  • Солҳои 1999-2001 — Дотсенти кафедраи филолгияи араби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2001-2006 — Мудири кафедраи грамматикаи забони арабӣ факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
  • Солҳои 2006-2011 — Декани факултети забонҳои шарқ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
  • Солҳои 2011- 2012 — Ходими илмии Маркази тадқиқоти таълимоти Абўҳанифа ва шарқшиносӣ
  • Солҳои 2011-2012 — Муҳарири масъули «Ахбори ДДҲБСТ»
  • Солҳои 2012-2014 — Муҳарири масъули идораи маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»
  • Солҳои 2014-2015 — Котиби масъули идораи маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»
  • Солҳои 2015-2017 — Ҷонишини сармуҳарири маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»
  • Аз моҳи сентябри соли 2017 то ҳоло — Дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Аз соли 2017 то ҳоло — Ходими илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ[1]