Нусратулло Шарипов
Нусратулло Шарипов (тав. Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (2007).
Нусратулло Шарипов | |
Зодгоҳ | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1976–1981 дар Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1981– 1984 муаллими фанҳои математика ва физикаи мактаби миёнаи №7 ноҳияи Восеъ, 1984–1989 ассистенти кафедраи методикаи таълими математикаи донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1989–1992 аспиранти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев, 1992–1998 муаллими кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб, 1998–1999 муаллими калони кафедраи алгебра, геометрия ва методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии ш. Қурғонтеппа, 1999–2002 мутахассиси дараҷаи аввали шуъбаи илми Вазорати маорифи Тоҷикистон, 2002–2006 мутахассиси пешбари идораи илми Вазорати маориф, 2006–2008 сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф буд. Аз соли 2009 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи дотсент, мудири кафедраи геометрия ва муовини декани факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ фаъолият дорад. Оид ба хусусиятҳои ташкил ва татбиқи таълими тафриқаи фанҳои табиию риёзӣ дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 26 мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.
Осор
вироиш- Омӯзиши бузургиҳо // Маърифат, 1991, № 5;
- Оид ба баъзе паҳлӯҳои алоқамандии байни фанҳо дар мактаби муосир // Робитаи байнифаннии математика бо фанҳои табиӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ (Маводи конференсияи ҷумҳуриявӣ), Д., 2004.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |