Нӯҳ ибни Асад (форсӣ: نوح بن اسد‎; дарг. 841 ё 842) — фармонравои Самарқанд (819—842) аз хонадони Сомониён, писари Асад ибни Сомон ва набераи Сомонхудот[1].

Нӯҳ ибни Асад
819 — 841
Ҷонишин Yahya ibn Asad[d]
Даргузашт 841 ё 842
Падар Асад ибни Сомон

Зиндагинома

вироиш

Ғассон ибни Ибод, фармондори Хуросон дар замони халифа Маъмун дар соли 819 Нӯҳ ибни Асадро ба унвони фармонравои Самарқанд гумошт. Ин гумораш ба подоши пуштибонии Нӯҳ ибни Асад аз фармондори Хуросон алайҳи шӯриш Рафеъ ибни Лайс сурат гирифт.

Нӯҳ ибни Асад канораҳои истипҳои туркнишини Қазоқистон имрӯзиро низ гушуд ва дар сол 840 ҳисоре ба даври шаҳри Исфиҷоб кашид то аз он дар баробари ҳамалоти туркон ҳифозат кунад[2].

Нӯҳ ибни Асад яке аз мамлукҳои худ ба номи Тӯлунро ба халифа Маъмун бахшид ва писари Тӯлун ба номи Аҳмад ибни Тӯлун баъдҳо сардудмон подшоҳии Тӯлуниён дар Миср шуд.

Нигаред низ

вироиш
  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — С. 100—101.
  2. Bosworth, C.E. "Isfīdjāb.". — 2nd ed.. — Brill: Encyclopædia of Islam, 2010.