Вазирони давлати Сомониён

Мақолаи асосӣ: Давлати Сомониён

Дар нухустин давлати таърихии тоҷикон - Давлати Сомониён ҳамроҳи амирони хонадони Сомониён дар идораву рушди кишвар вазирон саҳми хешро гузоштаанд. Дар асари Сайфиддинҳоҷӣ «Осор ул-вузаро» барои вазирони давлати Сомониён маълумоти мухтасаре оварда шудааст:

Дабир (котиб)[lower-alpha 1]
Вазир[lower-alpha 3]

Ёддошт

вироиш
  1. Дар бисёре аз манобеъи мутаъаххиртар аз Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ ба унвони вазири Сомониён ёд шудааст вале дар сафарномаи "Ибни фазлон" (оғози сафар дар панҷшанбе 11 сафари 309 ҲҚ) ки манбаъе дасти аввал ба шумор мераваду шахсан ӣн давлатмарди Сомониро дидааст аз ӯ бо лақаби "Шайх-‌ул-ъамид" ёд кардау ӯро котиб (дабир) дониста аст (Таърихи Бухоро [ҳавошӣ ва таълиқот], сафҳаи 320).
  2. Дар сафҳаи 321 бахши ҳавошӣ ва таълиқоти "Таърихи Бухоро" виростаи Муҳаммад-Тақии Мударриси Разавӣ ба нақл аз китоби "Иршоду-л-ариб" асари Ёқӯти Ҳамавӣ оғози вазорати Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳониро Ҷумода-л-охираи 301 ҲҚ зикр шудааст. Дар ҳамин сафҳа ин бор на ба нақл аз ҷое навишта шуда ки зоҳиран поёни вазорати ӯ дар 309 ҲҚ будаву пас аз ӯ Утбӣ ба ҷояш нишастааст. Ин матлаб бо дигар навиштаҳои таърихӣ ҳамхонӣ надорад. Бояд таваҷҷуҳ дошт ки чанд тан аз хонадони Ҷайҳониу Утбӣ ба вазорат расидаанду танҳо Утбӣе ки ҷонишини касе аз хонадони Ҷайҳонӣ шудааст, "Абулҳусайн Убайдуллаҳ ибни Аҳмади Утбӣ" аст, ки дар Рабиъу-л-охири 367 ҲҚ ҷонишини "Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммади Ҷайҳонӣ" (наваи Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ) шудааст.
  3. Ин ки дақиқан аз чӣ замоне симати вазир дар дивонсолории Сомониён эҷод шудааст ба дурустӣ дониста несту ниёз ба пажӯҳиши бештар дорад вале бо таваҷҷуҳ ба сафарномаи Ибни Фазлон, Абуабдуллоҳ Муҳамамд ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ котиб (дабир) будааст.
  4. Ё Абузар Муҳаммад ибни Юсуфи Омирии Нишопурӣ ва ӯ падари филсӯфи номдор Абулҳасан Муҳаммади Омирӣ аст.
  5. Гардизӣ дар Зайну-л-ахбор (Таърихи Гардизӣ) таърихи даргузашти Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамиро Ҷумода-л-охираи 363 ҲҚ овардааст. Абунаср Муҳаммади Утбӣ дар зикри рухдодҳои 382 ҲҚ аз Абуалии Балъамӣ ёд кардааст. Ошкор нест ки ин Абуалии Балъамӣ ҳамон вазири Абдумалики I ва Мансур I асту Гардизӣ дар зикри таърихи даргузашти ӯ иштибоҳ кардааст ё ин ки фарде дигар аз хонадони Балъамӣ бо куняи Абуалист.
  6. Ба навиштаи "Донишномаи Ҷаҳони Ислом" дароянди "Ҷайҳонӣ (хонадон)" бархе номи ин фардро ки дар "Таърихи Гардизӣ" омадааст ба иштибоҳ Ҷайҳонӣ хондаанду эҳтимол додаанд фарзанди "Абуабдуллоҳ Аҳмад ибни Муҳаммади Ҷайҳонӣ" бошад.

Пайнавиштҳо

вироиш