Обид Назариён
Обид Назариён (Назариён Обид Одилзода; пештар Назаров Обид Одилович; зод. 27 июл 1964, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2002)[1].
Обид Одилович Назаров | |
Таърихи таваллуд: | 27 июл 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, коргардони театр |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишОбид Назариён 27 июли соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи ҳунарпешаҳои театр Одил Назаров таввалуд шудааст. Соли 1985 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро бо ихтисоси актёри драма ва кино хатм кардааст.
Корнома
вироишФаъолияти кориашро соли 1985 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии Ленинобод оғоз намуда, солҳои 1999—2004 дар вазифаҳои директори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, солҳои 2004—2005 сархормейстери Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, солҳои 2005—2007 муаллими кафедраи маҳорати актёрӣ ва нутқи саҳнаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, солҳои 2007—2014 сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд, солҳои 2014—2016 директори Кохи фарҳанг ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2016—2017[2] муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар солҳои 2017—2019 сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе буд[3].
Обид Назариён аз 5 феврали соли 2019 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[4].
Театр
вироишДар бисёр намоишномаҳои театрӣ амсоли «Баъди исёни арӯсон», «Компютери сеҳрнок», «Қоқалӣ ва Лӯндабек», «Корвони нур», «Панҷ зани Афандӣ», «Муъҷизаи Хӯҷаи Хизр», «Таронаи Маҳастӣ», «Шабҳои фироқ», «Достони Ҳофиз», «Камоли Хуҷандӣ», «Талоши зиндагӣ» нақшҳ бозидааст[1].
Ҷоизаҳо
вироишСоли 2002 бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назаров О. О.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2017). 9 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Одилович Назаров. 20 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 марти 2017.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Назаров О. О.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (5 феврали 2019). 9 феврали 2024 санҷида шуд.