Обид Ҷалолов
Обид Ҷалолов (1907, Чуст — 1970, Душанбе) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1956), профессор (1958).
Обид Ҷалолов | |
Таърихи таваллуд | 1907 |
Зодгоҳ | Чуст, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1970 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСоли 1924 Донишкадаи муаллимии Тошкентро хатм кардааст. Солҳои 1939—1942 дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва муовини директор оид ба корҳои илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, 1946—1959 мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1959—1964 мудири сектори лаҳҷашиносии Институти забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1964—1970 ходими калони илмии ҳамин муассисаи илмӣ буд. Муаллифи се рисолаи илмӣ — «Муносибати шеваи Чуст бо забони адабӣ» (1949), «Категорияи ҷамъ ва баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» (1961), «Гурӯҳи лаҳҷаҳои тоҷикони райони Ёвон» (1967) ва якчанд мақола аст. Яке аз муаллифони китоби дарсии «Забонӣ тоҷикӣ барои гурӯҳи русии мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон» мебошад. Дар фароҳам овардани фонди илмии шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ ва тартиб додани тарҳи китоби панҷҷилдаи «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» иштирок дошт.
Осор
вироиш- Отношения чустского диалекта к таджикскому литературному языку, Сталинабад, 1949.