Обисангбур
Обисангбур — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 1020 нафар (2010), тоҷикон. Аз 180 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 4 фурӯшгоҳ, чойхонаи ҷамъиятӣ, толори гуштин, майдончаи волейбол, 11 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, нерӯгоҳи хурди барқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии "Шоҳин" ва "Парасту" масҷиди панҷвақта фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби сойи Сангбур обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳаи Обисангбур | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Ҷавонон |
Аҳолӣ | 1020 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 180 |
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.