Оби анор
Оби анор — яке аз фаровардаҳои меваи анор аст. Оби анор дорои ранги гулобии равшан ё сурх ва таъми ширин ё турши дилпазир ва ботароват ва гоҳе то ҳадде турш аст.
Афзудан об, шакар, асидҳо ва рангҳо дар оби анори табиъӣ мамнӯъ аст. Дар ИҶШС, оби анори табиъӣ дар Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Осиёи марказӣ тавлид мешуд ва дар дараҷаи болотарину аввал ба фурӯш мерасид[1].
Хосиятҳо
вироишОби анор барои пешгирӣ аз саратон муфид аст, саломати қалбро беҳбуд мебахшад ва ҳатто метавонад тавони ҷинсиро тақвият кунад. Ҳамчунин метавонад чарбиҳои атрофи меъда ва шикамро дар занону мардони фарбеҳ коҳиш диҳад.
Нӯшидани рӯзонаи оби анор метавонад бо пойин овардани фишори хун ва коҳиши мизони ҳурмуни истерес, танишҳо ва истересҳои кормандонро дар маҳалли кор камтар кунад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Гранатовый сок натуральный // Товарный словарь / И. А. Пугачёв (главный редактор). — М.: Государственное издательство торговой литературы, 1957. — Т. II. — Стб. 385. — 567 с.