Анор
Анор, нор, норбун, руммон (лот. Púnica granátum) — як навъ бутта ё дарахти хазонрези субтропикист.
Анор | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Punica.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Punica granatum L., 1753 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишДарахташ сершоху барг буда, то 3 — 4 м қад мекашад. Аз ҳар бехи анор 3, баъзан 7 — 9 тана месабзад. Навдаҳояш хордор, баргаш байзашакли нӯгтез, зимистон мерезад. Аз аввали май то июл гул мекунад. Гулаш сурхи лолагун, кӯзачамонанд ё зангӯлашакл; дар нӯги навдаҳои навруста тоқа-тоқа ё тӯда-тӯда ҷой мегирад. Гулҳои нахустинаш калон буда, самар меоваранд; гулҳои баъдина ва инкишофашон суст аз дарахт мерезанд. Меваи анор курашакл (қутраш 12 — 18 см, вазнаш 200—600 г, баъзан то 1 кг) буда, 400—700 дона дорад; сентябр — ноябр мепазад (дар нӯги мева косагул боқӣ мемонад).
Густариш
вироишАнори худрӯй дар ноҳияҳои кӯҳсори Осиёи Хурд, Закавказия, Эрон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Ҳиндустони Шимол Ғарбӣ дучор меояд. Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои ққаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Қаротегин вомехӯрад. Анорро асосан дар водиҳои Вахшу Кофарниҳон мепарваранд. Тақрибан 80 фоизи боғоти меваҳои субтропикии ҷумҳуриро анорзорҳо ташкил медиҳанд. Анор дарахти гармидӯст ва ба хушкию сармо тобовар аст. Дар минтақаҳои захираи солонаи гармиашон 5000 — 5500°С ва дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ (баландиҳои 500—600 м аз сатҳи баҳр) ҳосили хуб медиҳад. Дар сармои 16 — 18°С нобуд мешавад. Бинобар ин дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ зимистон буттаҳои анорро хокпӯш мекунанд. Дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ба хокпӯш кардани анор ҳоҷат нест. Анор дар гилхокҳои ҳосилхез беҳтар нашъунамо мекунад. Онро аз қаламчаи буттаҳои серҳосил, фарғон, бехҷаст ва бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Қаламчаҳоро аз рӯи тартиби 5 × 3 ё 4 × 2 м мешинонанд. Ба ҳар га замини анорзор 20 т пору ва нуриҳои минералӣ — нитроген (120—150 кг), фосфор (90 кг), калий (50 — 60 кг) пошида об мемонанд, ҳашароти зараррасонро маҳв месозанд. Аввали баҳор бехҷаст ва навдаҳои камқуввату хушкидаи анорро бурида, хоки атрофи буттаҳоро нарм мекунанд. Ниҳоли анор соли 2 — 3-юм бор оварда, дар соли 6 — 7-ум пурра ба ҳосил медарояд (30 — 40 сол ҳосили фаровон медиҳад). Аз ҳар буттаи анор 15 — 60 кг ва аз ҳар га анорзор 6 — 8 т ҳосил гирифтан мумкин аст. Анорро тар мехӯранд, аз он афшура тайёр мекунанд.
Таркиб
вироишДар таркиби афшураи анор аз 8,22 то 19, 70 % қанд ва 0,20 — 9,05 % ҷавҳари лиму, танин, 7 −10 мг% витамини С, 12 мг% кислотаи аскорбинат, кислотаи фолиат, витаминҳои B1, В2, моддаҳои пектинӣ, пайвастҳои калсий, калий, оҳан, фосфор мавҷуд аст. Тухмаш 12 — 17 % равған дорад (аз он локҳои баландсифат тайёр мекунанд). Пӯсти мевааш 19 — 60 % моддаҳои даббоғӣ, 5 — 6 % моддаҳои пектинӣ, 20 — 25 мг% кислотаи аскорбинат, 1,65 % алкалоидҳо (пеллетерин, изопеллетерин, метилпеллетерин, изометилпеллетерин, псевдопеллетерин), пӯстлохи танаю шохаҳояш то 20 — 28 % моддаҳои даббоғӣ, инчунин кислотаҳои гуногуни органикӣ, алкалоид ва ғайра дорад.
Корбурд
вироишАз навдаҳои анор сабад мебофанд. Аз гулбарг ва пӯсти мевааш барои ранг додани матоъҳои гуногуну қолинҳо ранг тайёр мекунанд. Меваи анори худрӯй барои истеҳсоли ҷавҳари лиму, танин, моддаҳои пектинӣ ва ғайра ашёи хом ба ҳисоб меравад.
Хосияти шифоӣ
вироишБуқрот оби анорро барои дармони дарди меъда, пӯсти онро барои илоҷи ихтилоли рӯдаҳо кор мефармуд. Абуалии Сино бо гули анор хунравӣ, бемориҳои гулӯ, исҳоли хунинро даво мебахшид, таби маризро мефаровард. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «…беҳтарини он бӯстонии ширини бедона аст… Латифтар аз соири навъи он ва беҳтарини он расидаи бузургдонаи шодоби он аст… Камғизо ва тавлидкунандаи хилти солеҳ буда, нафрох (боддор) ва ҷолӣ (поккунанда аст); муфаттеҳ (кушоянда) ва мулоимкунандаи батн ва мудирри бавл (бавловар) ва муриси (сабабгор) ташнагӣ аст. Ва ҷиҳати тақвияти ҷигар… ва ярақон, сипурз, тапидани дил, дарди сина, сурфаи ҳорр, ҷиҳати соф кардани овоз ва фарбеҳ кардани бадан ва гузаштани ғизо… ва ба некӯии ранги рухсор нофеъ аст». Бо афшураи он бемориҳои дилу paг, меъда, ангина, зиқи нафас (астма), вараҷа, камхунӣ, камиштиҳоӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳоро муолиҷа мекунанд. Муқаррар шудааст, ки пӯсти анор фаъолияти қаламчамикробҳои тиф, сил, бемориҳои рӯда, исҳоли хунин, вибрионҳои вабо ва ғайраро фурӯ менишонад. Ҷӯшоби барги анор бактерияҳоро маҳв месозад, ба ҷисм нерӯ мебахшад. Дар Тоҷикистон асосан навъҳои Қазоқанор, Сурханор, Туршдона ва Шоҳанорро мепарваранд. Аз соли 1973 навъи мулоимдонаи Десертӣ парвариш карда мешавад, ки онро Розанов Б. С. рӯёндааст. Алҳол дар Институти боғпарварию сабзавоткорӣ навъҳои мулоимдонаи Сурханори ҳисорӣ, Калонмеваи ҳисорӣ, Армуғон, Шайнакӣ санҷида мешаванд. Буттаи онҳо миёна ва баланд буда, зимистон хокпӯш карда намешаванд. Навъҳои мулоимдона ва қадпасти анор низ рӯёнда шудаанд, ки хуштаъму хушсифат буда, барои ба воситаи мошин хокпӯш кардани онҳо имконият фароҳам меояд.
Зараррасонҳои анор
вироишБуттаи анор бештар аз касалии тосак, ширинча, канаи сурх, кирми шапалаки анор зарар мебинад. Анори худрӯй ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулов С. М., Меваҳои гармудӯсти Тоҷикистон, Д., 2005; Рекомендации по возделыванию субтропических культур в Таджикской ССР, Д., 1985;
- Шапкин A. А., Выведение средне и слаборослых удобных для механизированного укрытия мягкосемянных сортов граната. Тезисы докладов Республиканского научно-практического семинара «Прогрессивная система возделывания субтропических культур в условиях субтропиков Таджикистана», Д., 1987.
Сарчашма
вироиш- Анор / С. Гулов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.