Облоқул Бозоров (зод. 5 октябри 1932, ноҳияи Булунғур, вилояти Самарқанд, ҶШС Узбакистон) — файласуф, доктори илми фалсафа (1973), профессор (1976).

Облоқул Бозоров
Облоқул Бозоров
Таърихи таваллуд 5 октябр 1932(1932-10-05) (91 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Булунғур, вилояти Самарқанд, ҶШС Узбакистон, ИҶШС
Кишвар  Ӯзбекистон
Фазои илмӣ фалсафа
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома вироиш

Соли 1956 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, дар ҳамин ҷо ассистенти кафедраи фалсафа буд. Соли 1958 ба Душанбе омада, аспирант, ассистент ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1965 мудири кафедраи атеизми ҳамин донишгоҳ буд[1].

Корнома вироиш

Солҳои 1961—1964 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, солҳои 1964—1976 мудири ҳамин кафедра. Аз соли 1977 фаъолияташ дар муассисаҳои илмию маърифатии ҶШС Узбакистон гузаштааст.

Дар бораи ҳавасмандкунии моддию маънавӣ дар истеҳсолот, ҷаҳонбинии атеистии деҳқонон, асосҳои озодии виҷдон ва ғайра асару мақола навиштааст.

Осор вироиш

  • О соотношении материальных и моральных стимулов в производственной деятельности людей. — Д., 1961;
  • Дӯстӣ ва бародарии халқҳои СССР — принсипи кодекси ахлоқи бинокори коммунизм. — Д., 1965;
  • Правовые основы свободы совести в Таджикистане. — Д., 1968 (соавтор); Меҳнат ва дин. — Д., 1969;
  • Боқимондаҳои дини ислом ва роҳҳои бартараф намудани онҳо. — Д., 1969;
  • Некоторые особенности и пути формирования атеистического мировоззрения таджикского дехканства. — Д., 1971;
  • Основные факторы и особенности формирования атеистического мировоззрения дехканства (на материалах Таджикской ССР): Дисс…доктора философ. наук. — Ташкент, 1971;
  • Хусусиятҳои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ-атеистии меҳнаткашони деҳот. — Д., 1975.

Эзоҳ вироиш

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — С. 37-38.— 215 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6

Адабиёт вироиш