Обтарозу
Обтарозу — абзорест барои тафтиши уфуқии хатҳою сатҳҳо ва чен кардани кунҷҳои хурд.
Қисми асосии обтарозу ампулаи шишагиест, ки аз спирт ё эфир пур шудааст ва ҳубобчаи газ дорад.
Обтарозу ҷузъи муҳимми асбобу афзори геодезӣ, астрономӣ, физикӣ ва ғайра мебошад ва барои нивелиронӣ, муайян кардани кунҷҳои тамоюли меҳварҳои уфуқӣ, ба ҳисоб гирифтани тағйири кунҷҳои байни меҳвари амудӣ ва хати басират уфуқӣ будани асоси обтарозу ҳубобчаи газ дар мобайни ампула ҷой мегирад.
Барои дар як вақт тафтиш кардани уфуқии ду ҳамвории ба ҳамамуд обтарозуеро истифода мебаранд, ки ду ампула дорад. Дар мошинсозӣ обтарозуҳои челонгарӣ ва ченкунанда истифода мешаванд.
Эзоҳ
вироиш- Обтарозу // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).