Объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ

Объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ — неъматҳои моддӣ ё ғайримоддӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба онҳо пайдо шудаанд ё нисбати онҳо равона гаштаанд. Онҳо гуногунанд: неъматҳои моддӣ (воситаҳои нақлиёт, пул, қоғазҳои қиматнок ва ғайра); неъматҳои маънавӣ (асарҳои санъат, адабиёт ва ғайра); неъматҳои шахсии ғайримолумулкӣ (ҳаёт, саломатӣ, қадру номуси инсон). Дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи Тоҷикистон объектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба хусусиятҳои мавзӯи танзими ҳуқуқӣ тасииф мешаванд. Масалан, дар ҳуқуқи ҷиноӣ объектҳои ҷиноят вобаста ба намудҳои ҷиноят тасниф мешаванд.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 357