Ода Набунага
Ода Набунага (23 июн 1534[1], Nagoya Castle (16th century)[d], Префектураи Айчи ё Shobata Castle[d] — 21 июн 1582[2], former site of Honnō-ji[d]) — пешвои сиёсиву низомии Ҷопон дар давраи Сэнгоку, яке аз барҷастатарин самурайҳои таърихи халқи ҷопон, ки ҳаёташро барои мутаҳидшавии кишвар бахшидааст.
Таърих
вироишЗарурати муттаҳид кардани мамлакат дар садаи XVI ба миён омада буд. Ин корро танҳо ашрофони калони бо мадади лашкарҳои самурайҳо ва дастгирии шаҳрҳо такя мекардагӣ иҷро карда метавонистанд. Чунин шахс дар байни ашрофони ҷопонӣ — Ода Набунага буд. Ӯ аввалин шуда, барои муттаҳид сохтани Ҷопон якчанд ҳокими соҳибистиклолро торумор карда, худи сёгунро низ аз ҳокимият маҳрум сохт.
Набунага аз ҳисоби самурайҳо ва дехқонон дастаи пурзӯре ташкил намуда, онро бо силоҳи оташфишони хориҷӣ мусаллаҳ намуд. Ба Набунага муяссар шуд, ки артишҳои ҳокимони саркашро торумор намуда, дар Ҷопон ҳокимияти диктаторӣ ҷорӣ кунад. Ҳокимияти диктатории ӯ аз соли 1568 то соли 1582 давом кард. Набунага барои пешрафти тиҷорат кӯшиши зиёд сарф намуд. Савдоро дар тамоми Ҷопон озод ва сарҳадҳои гумрукии дохилиро бекор кард. Дар мамлакат роҳҳои бисёр сохт ва усули ҷамъовари андозро ба низом даровард. 29 май 1582 Набунага дар Киото ба ищотаи душманон афтода худкушь кардааст. Набунага барои муттаҳид сохтани Ҷопонкорашро ба охир нарасонид. Кори Набунагаро ҳамсафони ӯ Тайетоми Хидзеси ва Иеясу Токугава давом доданд.[4]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 SNAC (ингл.) — 2010.
- ↑ 2.0 2.1 Ebisawa A. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ ТАЪСИСЁБИИ ДАВЛАТИ МУТТАҲИДАИ ҶОПОН, с. 169—170