Одилҷон Алиев
Одилҷон Алиев (зод. 28 декабри 1952, Конибодом) — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1985), дотсент (1996). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996)
Одилҷон Алиев | |
Таърихи таваллуд | 28 декабр 1952 (71 сол) |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ,Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1969—1974 дар шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров таҳсил намудааст. Солҳои 1975—1976 афсари Артиши Шӯравӣ, 1976—1981 ходими илмии Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ, 1981—1984 аспиранти Институти забоншиносии Академияи илмҳои ИҶШС, 1985—1989 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ, 1989—1991 муаллими калон, 1991—2009 дотсент ва мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ буд. Аз соли 2009 ҳамчун дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва аз соли 2010 мудири кафедраи байнифакултетии забонҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Оид ба забону услуби «Гурӯғлӣ» ва масъалаҳои дигари забоншиносӣ корҳои илмӣ бурдааст. Аъзои комиссияи татбиқи Қонуни забони тоҷикии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996) сарфароз карда шудааст.
Осор
вироиш- Дастури методӣ аз забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологӣ, Д., 2009;
- Дастури методӣ аз забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни факултетҳои нақлиёт, соҳибкорӣ ва менеҷмент, Д., 2009.