Одинамуҳаммад Маъдан
Одинамуҳаммад Маъдани Понғозӣ (1761, Шайдон, Ашт — 1838, Ашт) — шоири форсизабон.
Одина Муҳаммад Аваз | |
Таърихи таваллуд | 1761 |
Зодгоҳ | Понғоз |
Таърихи даргузашт | 1838 |
Пеша | шоир |
Зиндагинома
вироишСоли 1761 дар деҳаи Понғоз, Ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Маъдан аз ҳисоби набудани шароити оилавӣ, барои дарёфти бурдаи ноне дар дасти бойҳои маҳаллӣ чупонӣ мекард. Бо мурури замон ба назди муаллими шинохтаи ҳамон давр Мулло Муҳаммад Амин Хоҷӣ меравад. Дар солҳои хондан ба шеър навиштан сар кард. Айёми донишҷӯӣ ба шеъргӯӣ оғоз кард. Аввал тахаллуси эҷодиаш Камина буд ва баъдтар тахаллуси Маъданро интихоб кардааст.
Маъдан ҳарчанд ҳаёти вазнин дошт, бо вуҷуди ин сӯҳбаторою рӯҳбаланд буд. Дар ҷамъомадҳо бо сухандонию ҳазлу латифаҳояш табъи мардони ҳамсӯҳбаташро болида мекард. Дар яке аз чунин нишастҳо вақте аз вай дархост карданд, ки бо истифодаи калимаҳои аз ҳамдигар аз ҷиҳати маъно дури гул, шамшер, нон ва танбӯр шеъре бигӯяд, дарҳол рубоии зайлро эҷод кард:
- Гул бар сарам неҳу рангам бин,
- Шамшер ба дастам деҳу ҷангам бин.
- Ҳамчу танбур ишками холи дорам,
- Нон ба дастам деҳу оҳангам бин.
Ҳарчанд ӯ аз ҳудуди ноҳияи Ашт берун набаромада бошад ҳам, бо тахаллуси Маъдани Понғозӣ дар доираи адибони Хуқанд маъруф буд.
Мерос
вироишБо Забони тоҷикӣ ва Забони узбекӣ эҷод кардааст.[1]
Аз рӯи маълумотҳои Фазлии Намангонӣ Маъдан девоне тартиб дода буд, вале девони зикршударо ҳамчун гумшуда меҳисобиданд. Муддати дароз танҳо қисме аз шеърҳояш дастрас буд, ки дар антологияи Фазли Намангонӣ ҷойгир шудаанд ва бархе аз маҷмуи шеърҳои ӯ, дар шаҳри Тошкент маҳфузанд. Соли 1962 тайи таҳқиқоти филологӣ дар зодгоҳаш деҳаи Понғоз якчанд девони шоир ёфт шуд, ки мазмунан аз ҳамдигар фарқ мекард. Танҳо қисме аз шеърҳои дар ин девонҳо буда ба нашр расида буданд. Маъдан чун дигар шоирони замони худ бо ду забон тоҷикӣ ва узбекӣ менавишт. Дар шеърҳои тоҷикии шоир таъсири асарҳои Ҷомӣ, Ҳилолӣ ва Бедил ба назар мерасад. Ҳамчунин дар шеърҳои узбекӣ низ таъсири асарҳои Навоӣ ва Фузулӣ дида мешуд. Маъдан якчанд мухаммас ба ғазалҳои Навоӣ навиштааст, ғазали маъруфи ӯ «Менга номеҳрибон ёр…» аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳанд. Шеърҳои Маъдан ба мероси назми адабиёти тоҷику ӯзбек дохил мешавад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Таърихи адабиёти ҷаҳон: Дар нуҳ боб. Боби 6. — М.: Наука, 1989. — С. 464, 466, 768.
Адабиёт
вироиш- Шоир Маъдан//Абдуллаев В. А. Ўзбек адабиёти тарихи. Т. II. — Ташкент: «Ўқитувчи», 1967. — С. 154—156.
- Маъдан//Асрлар садоси. — Ташкент: Адабиёт ва санъат нашриёти, 1982. — С. 82.