Алишер Навоӣ
Алише́р Навоӣ (Низомудди́н Мир Алише́р; форсӣ: علیشیر نوایی; ӯзбекӣ: Alisher Navoiy; 9 феврали 1441, Ҳирот — 3 январи 1501, ҳамон ҷо) — шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии турк, ходими давлатӣ. Ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст.
علیشیر نوایی | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Низомуддин Мир Алишер |
Тахаллусҳо: | Навоӣ, Фонӣ |
Таърихи таваллуд: | 9 феврал 1441[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 3 январ 1501[2][1] (59 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ ва чағатоӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПадари Навоӣ Ғиёсуддин аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 1449—1457) буд. Ӯ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост. Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Тимуриён дояи кӯдакони онҳо будааст. Навоиро дар чорсолагӣ ба макта6 ниҳоданд. Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 1470—1506) дар як ҷо тарбия гирифтааст. Дар мактаб ба Навоӣ мувофиқи анъанаи он замон, бар замми хату савод ва заруриёти динӣ, аз асарҳои Бӯстон ва Гулистони Саъдӣ, инчунин Мантиқ-ут-тайри Атторро низ таълим додаанд. Аз гуфтаи худи Навоӣ бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ бо забони туркӣ ва арабӣ гузаштааст. Аммо таҳсили Навоӣ дар Ҳирот дер давом накард. Баъди вафоти Шоҳрух (солҳои ҳукмрониаш 1409—1447) байни авлодони Тимур (солҳои ҳукмрониаш 1370—1405) барои тоҷу тахт муборизаи тезу тунде cap шуд ва падари Навоӣ аз ин низоъҳо ба танг омада, маҷбуран бо оилаи худ ба тарафи Ироқ, фирор кард ва муддате дар шаҳрҳои Тафт ва Шероз зиста соли 1452 боз ба Ҳирот баргашт ва бо фармони Бобур ҳокими Сабзавор таъйин шуд. Дар тӯли ин муҳоҷират Навоӣ таҳсили илмро давом дода, дар баробари улуми расмӣ аз Хоҷа Юсуфи Бурбон илми мусиқиро омӯхт. Дар синни 12-солагӣ аз падар маҳрум гашт. Ӯро Бобур ба тарбияи худ гирифта, с. 1457 ба Машҳад бурд. Навоӣ дар Машҳад низ ҳамроҳи Ҳусайни Бойқаро дониши худро дар соҳаи фалсафа, мантиқ, риёзиёт ва адабиёт такмил дода, бо шоирони номӣ Сайд Ҳасани Ардашер, Камоли Турбатӣ вохурд. Фаъолияти эҷодии Навоӣ дар синни 10 то 12 – солагиаш оғоз ёфтааст. Дар 15 – солагӣ ӯро чун шоири зуллисонайн шинохтанд (чунки ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст). Навоӣ соли 1464 ба Ҳирот баргашта аз Ҷомӣ илми қофияро таълим гирифт. Аммо зиндагии Навоӣ дар Ҳирот дер напоид, Ҳокими нави Хуросон Абу Саид (1454 – 1469) ӯро аз мухолифони худ дониста, молу мулкашро мусодира карда соли 1466 ба Самарқанд бадарға намуд. Навоӣ дар Самарқанд бо олимону адибон ва намояндагони аҳли санъати онҷо шиносоӣ пайдо кард. Ҳокими Самарқанд, ки бо тахаллуси «Вафоӣ» шеър мегуфт, Hавоиро дастгирӣ намуд. Навоӣ дар ин шаҳр омухтани назарияи адабиётро ҷиддан давом дода, илми фиқҳро аз Фазлуллоҳ Абулайс таълим гирифт. Ӯ бо Амир Шайхами Суҳайлӣ вомехурад хар ду дӯстони ҷонӣ шуданд. Дар Самарқанд Навоӣ аз ҷиҳати моддӣ тангӣ кашида бошад ҳам, аз ҷиҳати дониш ва касби шоирӣ хеле камол ёфт. Соли 1479 дар Ҳирот Ҳусайни Бойқаро ба сари ҳокимият омад ва Навоиро ба дарбор даъват кард. Навоӣ таҳсилашро дар Самарқанд катъ намуда, ба Ҳирот баргашт ва ба муносибати иди рамазон дар мадҳи Ҳусайни Бойқаро бо радифи «ҳилол» қасидае навишта, аз мукаррабони султон гардид. Соли 1469 аввал муҳрдори давлат таъйин гардид ва баъдтар (1472) вазифаи вазир ва унвони амирро соҳиб шуд. Вале кашмакашу низоъ ва хабаркашиву ҳасадбарии аҳли дарбор Навоиро ба танг оварданд. Ӯ соли 1476 аз хидмати давлатӣ даст кашид ва соли 1477 Ҷомиро пир баргузида, вориди фирқаи Нақшбандия гардид. Вале соли 1479 ӯро маҷбуран ҳокими Ҳирот таъйин карданд. Навоӣ бо тарзи давлатдории Ҳусайни Бойқаро, ки аксар вақти худро ба айшу нуш сарф мекард, розӣ набуд ва пеши онро гирифтани мешуд. Аз ин рӯ, султон бо мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро зимистони соли 1487 ҳокими яке аз вилоятҳои дурдаст – Астаробод таъйин кард. Навоӣ соли 1489 ба Ҳирот баргашта ва робитаашро аз дарбор канда, то охири умр ба таълифу тасниф машҳур шуд. Навоӣ самараи фаъолияти сиёсӣ, илмӣ ва адабии худро сарфи ободонин мамлакат, сохтмони биноҳои хайрия ва осоишу пешрафти мардум карда буд.[3] Алишер Навоӣ 3 январи 1501 дар Ҳирот ба хок супорида шудааст.
Некдошт
вироиш-
Нимпайкараи Алишер Навоӣ дар Янгийӯл , Ӯзбекистон
-
Мақбараи Алишер Навоӣ дар шаҳри Ҳирот, Афғонистон, соли 1976
-
Муҷассамаи Алишер Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ, шаҳри Душанбе, соли 2018
-
Муҷассамаи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд, Ӯзбекистон
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Алишер Навои (1441—1501)
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |