Одина Мирак
Одина Мирак (6 марти 1939 — 12 январи 2015) — рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1970), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988)
Таърихи таваллуд: | 6 март 1939 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Муъминобод |
Таърихи даргузашт: | 12 январ 2015 (75 сол) |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишОдина Мирак 6 марти соли 1939 дар деҳаи Дегрези ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз моҳи июли соли 1962 то августи 1965 дар сохтмони шоҳроҳи Саланги Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ, баъдан дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ба сифати ходими адабӣ кор кардааст. Моҳи марти соли 1972 дигарбора ба Афғонистон рафта, дар сохтмони шоҳроҳи Мазори Шариф — Ҳайратон, Мазори Шариф — Шибирғон, эъмори бандари Ҳайратон ва Пули Дӯстӣ тарҷумонӣ кардааст. Баъдан, муддате дар нашриёти «Ирфон» муҳаррир буда, аз феврали соли 1979 то октябри ҳамон сол дар Ҳукумати шаҳри Душанбе фаъолият бурдааст. Моҳи октябри соли 1979 ба сифати тарҷумон ба Институти ҳавошиносии Афғонистон ба кор фиристода шудааст. Чанде дар он ҷо ва, баъдан, дар Бандари Ҳайратон хидмат кардааст. Баъди бозгашт корманди муассисаҳои нашриётҳои «Ирфон»-у «Адиб» будааст. Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 12 январи соли 2015 вафот кард.
Эҷодиёт
вироишБаробари хидмати давлатӣ, «Фарҳанги русӣ-дарии ибораву истилоҳоти ҳавошиносӣ»-ро ба чоп расондааст. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Боздид» (1981), «Гули орзу» (1984), «Забони дил» (1988), «Шукуфаи ҳавас» (2001), «Гули нав» (2003), «Муъминободнома» (2005), «Чашмаи Офтоб» (2008) ва ғ. ба табъ расидаанд. Маҷмӯаҳои шеърии Н. Гончаров «Кайҳоннавард мешавам» ва Ф. Дзержинский «Шамолаки форам»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Дар тарҷумаи ашъори А. С.Пушкин, М. Ю.Лермонтов, Т. Г. Шевченко, Ғ.Ғулом, Й.Милев, Қ.Оразов, О.Чорӣ, У. Султонов ва диг. иштирок доштааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
- Дорандаи чандин мукофоту ифтихорнома.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.127 ISBN 978-99947-2-379-9