Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон — ташкилоти ихтиёрии ҷамъиятии эҷодии журналистони касбӣ. Мақсаду вазифаҳои ИЖТ аз он иборат, ки дар тарбияи меҳнаткашон дар мубориза барои боз ҳам пойдору мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, муносибатҳои бародарона бо мардум ва дар мубориза барои сулҳи пойдор мебошад.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Намуди созмон art society[d]

Таърих

вироиш

ИЖТ соли 1959 таъсис ёфта, дар Съезди 1-уми республикавии журналистон (1959) ҳамчун ташкилот сурат гирифт. Аз соли 1957 то 1959 ба ИЖТ бюрои ташкилии ИЖ ИҶШС роҳбарӣ мекард (соли 1962 Съезди 2-юм, 1966 Съезди 3-юм ва соли 1971 Съезди 4-ум, соли 1977 Съезди 5-ум барпо гардид). Дар давраи байни съездҳо ба кори ИЖТ правления (дар ҳайати 46 наф.) роҳбарӣ мекунад. ИЖТ дар Душанбе ташкилоти шаҳрӣ, дар Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ВХКБ шуъбаҳои вилоятӣ, дар назди редаксияҳои газета, журналҳо, телевизион, радио, нашриётҳо, ТоҷикТА (ҳоло МИТ «Ховар») ва ЭСТ ташкилотҳои ибтидоӣ дорад. Ин ташкилотҳо дар тарбияи идеявию эҷодии журналистон, баланд бардоштани маҳорат ва такмили ихтисоси онҳо ёрӣ мерасонанд, журналистони болаёқатро ба аъзои ИЖ тавсия мекунанд. ИЖТ дар бобати ривоҷ додан ва Ҳисор 3000 сол мустаҳкам намудани алоқаи журналистони ҷумҳурӣ бо журналистони дигар ҷумҳуриҳо, бо журналистони тараққипарвару сулҳдӯсти ҷаҳон тадбирҳо меандешад ва ташаббуси Ташкилоти байналхалқии журналистон (МОЖ)-ро дастгирӣ мекунад. Дар назди Правленияи иттифоқ коммисияҳо ва секцияҳо ташкил шудаанд, ки семинарҳо, конфренсияҳои илмию эҷодӣ мегузаронанд. ИЖТ 850 аъзо дорад (1980). Раисони правленияҳои ИЖТ аз соли 1959—1961 А. Ҳоҷиев, аз 1961 то 1968 — А.Ҳалимов. аз 1968—1974 Ш. Саидов, аз соли 1974 — Ғ. Қаландаров, баъдан чанд нафари дигар буданд. То августи соли 2015 ин вазифа ба дӯши Акбари Саттор буд.[1]. Аз соли 2016 ин вазифа ба дўши З. Исмоилов аст.[2]

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 276—277
  2. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С. 122—123. ISBN 978-999-47-43-37-7