Озарбади Маҳраспандон

Озарбади Маҳраспандон, Отурпати Маҳраспандон (порсии миёна: Ādurbād ī Mahraspandān, форсӣ: آذربد مارسپندان‎) — донишманд ва мӯбади мӯбадони давраи Шопури II.

Озарбади Маҳраспандон
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша файласуф

Ҷузъи аввали ин ном дар Авесто ба шакли «Атерепата», яъне нигаҳбони оташ омадааст. Ҷузъи дуввуми он аз «мантра»— сухан ва «спента» — муқаддас таркиб ёфтааст.

Зиндагинома

вироиш

Зиндагӣ ва фаъолияташ дар давраи Шопури II ,(309—379) ҷараён ёфта­аст. Озарбади Маҳраспандон дар дарбор пас аз шоҳ шахси дуюми давлатӣ буд. Аз кӯшишоту таассуби зиёдаш дар ҷараёни зардуштия ва танг кардани гурӯҳи одамони ғайридин бисёр манбаъҳои динии масеҳӣ хабар медиҳанд.

Дар бораи Озарбади Маҳраспандон, ки дар зардуштия шахсияти бузурге ба шумор мерафт, дар асарҳои диниву адабии паҳлавӣ — «Бундаҳиш», «Динкард», «Занди Воҳуман-ясна» («Бақманяшт»), «Шоисту ношоист» қиссаву ривоятҳои зиёде оварда шудаанд. Баъзе аз ин ривоёт ба таърихҳои исломии арабӣ ва форсии дарӣ роҳ ёфтаанд.

Дар фасли 33 «Бундахиш» дар баробари ашхоси бузурги динӣ шаҷараи насаби Озарбади Маҳраспандон омадааст, ки он пас аз 22 пушт ба подшоҳи пешдодӣ Манучеҳр мерасад. Мувофиқи ривоятҳои дини зардуштии силсилаи насаби Зардушт пас аз 14 пушт ба Манучеҳр мерасад. Бад-ин васила Озарбади Маҳраспандон аз насли Зардушт ба шумор меравад. Озарбади Маҳраспандон дар таҳрири Авесто пас аз Тансар ва мубадони замони Шо­пури I иштирок кардааст.

Дар зери роҳбарии ӯ Авесто дар 21 «наск» — китоб таҳрир гардид. Оид ба исботи саҳеҳии матни тартибдодаи Озарбади Маҳраспандон афсонае низ мавҷуд аст, ки гӯё вай аз санҷиши сахт — озмоиш бо фулузоти гудохта гузаштааст. Ба синаи Озарбади Маҳраспандон 9 ман миси гудохта ме- резанд, вале у осебе намебинад. Ин ривоят дар манбаъҳои паҳлавӣ, ки зикраш гузашт ва инчунин дар «Муҷмал-ут-таворих» сабт гардидааст.

Хидмати дигари Озарбади Маҳраспандон таълифи китоби «Хурд-Авесто» мебошад. Озарбади Маҳраспандон бо номи «Вачак-е чанд-и Отурпат-и Маҳраспандон» («Чанде аз гуфтори Озарбади Маҳраспандон») андарзномае низ дорад, ки аз пан­ду ҳикматҳои амалӣ фароҳам ома­дааст, ки намунааш ин аст: «Дар мавқеи номуносиб набояд хандид; хостаи хешро дар баробари мардумони ҳасуд набояд арз кард; пеш аз гуфтор бояд андешид, ки сухан наандешида чун оташ аст, ки харобӣ оварад; набояд душмани кӯҳнаро дӯсти нав пиндошт, зеро ки душман чун мор аст, агар сад сол бигзарад, душманиро аз ёд набарад, вале бояд дӯсти куҳанро дӯсти нав намуд, ки дӯсти куҳан чун шароб аст, ҳар қадар сол бар ӯ бигзарад латифтар ва гуворотар гардад».

Чанде аз авлоди Озарбади Маҳраспандон — писараш Зардушт (муаллифи «Пандномаи Зардушт») ва наберааш Озарбад ва дигар мубадони давлати Сосониён буда, дар баробари умури динӣ, дар корҳои сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ ширкат варзидаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Озарбади Маҳраспандон // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).
  • Луконин В. Г., Культура Сасанидского Ирана, Москва, 1969;
  • Рипка Ян, История персидской и таджикской литературы, Москва, 1970;