Озаргон (форсӣ: آذرگان‎) — яке аз ҷашнҳои қадимаи эронӣ.

Ҷойгоҳи озардар фарҳанги Эрон

вироиш

Вожаи озар дар забони авастоӣ ба гунаҳои ātar\\āθr ба кор мерафтааст. Дар нуҳумин рӯзи Озармоҳ мутобиқи солшумории зардуштӣ, ки номи моҳ ва рӯз як мешаванд, яъне рӯзи Озар дар моҳи Озар «Озаргон» баргузор мешавад.

Оинҳои ҷашни Озар

вироиш

Дар «Фарҳанги ҷаҳонгирӣ», «Бурҳони қотеъ», ин ҷашнро ба гунаи Озарахш овардаанд. Абурайҳони Берунӣ дар бори ҷашни мазкур чунин гуфтааст: "Рӯзи нуҳуми Озари даст, ки ба муносибати тавоқуфи ду ном «Озарҷашн» мегӯянд. Дар ин рӯз ба афрӯхтани оташ ниёзманд мебошанд. Зардушт амр кард, ки дар ин рӯз оташкадаҳоро зиёрат кунанд ва дар корҳои ҷаҳон машварат намоянд. Дар фарҳанги Эрон оташ яке аз падидаҳои табии сутудани аст. Он бо нури худ ҷон ва дили ёрони Аҳурамаздоро равшан мекунад. Онҳо дар ибодатгоҳҳои худ доимо оташро фурузон мекунанд. Ниёгони мо Озаргонро ҷашни хуҷаста дониста дар хона ва бомҳо оташ меафрӯхтанд. Дар оташкадаҳои бошукӯҳ ҷашн мегирифтанд. Ҳатто дар ин рӯз таомҳо мепухтанд. Дар аввали сармо оташҳоро ба хона бурда ҳаргиз намегузоштанд, ки он хомуш гардад ва то охири фасли сармо онро нигоҳ медоштанд. Яке аз нишонаҳое, ки дар озаррӯз хонда мешавад «оташи ниёиш» ном дорад, ки панҷумин ниёиш мебошад.

Ойинҳои ҷашни озаргон дар Эрони имрӯз

вироиш

Ин рӯзҳо ҷашни озаргон дар шаҳрҳои Кирмон, Язд, Шероз, Теҳрон ва ғайра ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни мазкур аз ҷониби зардуштиён баргузор мегардад.

Сарчашма

вироиш
  • Дустхоҳ . Ҷ. Авасто (Куҳнатарин сурудаҳои Эрониён). Теҳрон: -Марворид. 1375.
  • Ризо Ҳ. Гоҳшумори ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон. −1380