Озари Бегдилӣ
Озари Бегдилӣ (форсӣ: آذر بیگدلی; 7 феврал 1722, Исфаҳон, Давлати Сафавиён — 1781, Қум, Зандиён) — шоир ва тазкиранависи форс-тоҷик, муаллифи тазкираи «Оташкадаи Озар».
форсӣ: آذر بیگدلی | |
Таърихи таваллуд: | 7 феврал 1722 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1781 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, адиб, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишОзари Бегдилӣ (писари Оқохони Бегдилии Шомлуӣ) дар Исфаҳон соли 1134 қамарӣ ба дунё омадааст. Дар айёми кӯдакии ӯ ба сабаби бурузи фитнаи Маҳмуд Афғонӣ хонаводааш ба ночорӣ аз Исфаҳон ба Қум муҳоҷират кард. Ва пас аз 14 соли зиндагӣ дар Қум бо падари худ, ки ба ҳукумати Лор мансуб шуда буд, ба форс рафт. Вале ду сол баъд пас аз марги падар бо модараш озими сафари Ҳаҷ шуд ва пас аз муроҷиат ба Хуросон рафт. Дар Хуросон ба урдуи Нодиршоҳ пайваст ва ҳамроҳи урдуи нодирӣ аз роҳи Мозандарон ба Озарбойҷон рафт. Пас аз ин сафар, озими Ироқи Аҷам шуд ва дар Исфаҳон сукунат гузид ва чанде дар хидмати девони машғул шуд, лекин саранҷом аз умури девонӣ канора гирифт ва ба тасаввуф рӯй овард ва ба сулук пардохт ва дар поёни умр дар шаҳри Қум иқомат кард ва дар ҳамонҷо соли 1195 қамарӣ даргузашт ва ба хок супурда шуд. Ӯ дар оғози шоирӣ «Волеҳ» ва «Накҳат» тахаллус мекард, вале баъдҳо тахаллуси «Озар»-ро гирифт. Вай бо касоне чун Шӯъла, Муштоқ ва Ҳотиф ва шоирони дигар, ки наҳзати бозгашти адабиро бунёд ниҳода буданд, мусоҳиб ва ҳамкорї дошт ва дар шеваи шоирӣ «аз тарзи фусаҳои мутақаддимин» пайрави мекард. Озар дар бештари анвоъи шеър аз ғазалу қасидаву маснавӣ ва рубоӣ табъозмоӣ кардааст. Вай қасоиде дар мадҳи ҷонишинони Нодир ва Каримхони Занд ва бархе аз муосирони худ дорад. Мазмуни ғазалиёташ ғолибан ирфонӣ ва ахлоқӣ ва ошиқона аст.
Мероси адабӣ
вироишВай илова бар девони ашъор, муштамил бар 10000 байт, як маснавӣ бо номи «Юсуф ва Зулайхо» дорад, ки ба шеваи «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ суруда шудааст. Маснавии дигаре низ ба номи «Ганҷина ба тақлиди «Бӯстон»-и Саъдӣ» ба ӯ мансуб аст. Муҳимтарин асари Озари Бегдилӣ тазкираи умуми маъруф ва муфассали ӯ «Оташкада» машҳур ба «Оташкадаи Озар» аст, ки онро дар таи 30 сол ба номи Каримхон гирдоварӣ ва таълиф кардааст. Озари Бегдилӣ дар бораи Ҳаким Низомӣ шоири номдори Эронӣ таҳқиқҳои зиёде карда аст.
Намунаи ашъор
вироиш- Ба шайхи шаҳр, фақире зи ҷуъ бурд паноҳ,
- Бад-ин умед, ки аз ҷуд хоҳадаш нон дод.
- Ҳазор масъала пурсидаш аз масоилу гуфт:
- Агар ҷавоб надорӣ набоядат нон дод!
- Надошт ҳоли ҷидол он фақиру шайхи ғаюр,
- Бибур обашу нонаш надод то ҷон дод.
- Аҷаб, ки бо ҳама доноӣ ин намедонист,
- Ки «ҳақ» ба «банда» ба рӯзӣ ба шарти имон дод.
- Ману мулозимати осмон пири муғон,
- Ки ҷоми май ба кафи кофару мусалмон дод.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доиратулмаорифи бузурги исломӣ