Озодамоҳ Муҳтарамова

Озодамоҳ Муҳтарамова (20 августи 1955, ноҳияи Москва8 апрели 2021) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1997)[1].

Озодамоҳ Муҳтарамова
Таърихи таваллуд 20 август 1955(1955-08-20)
Зодгоҳ ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 8 апрел 2021(2021-04-08) (65 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1997)

Зиндагинома

вироиш

Озодамоҳ Муҳтарамова 20 августи соли 1955 дар деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯробод ба дунё омада, барои таҳсил ба ноҳияи Москва меравад. Аз синни 13-солагиаш дар театри халқии ноҳия ҳамчун овозхон ба фаъолият оғоз мекунад[2]. Дар театри мазкур нозукиҳои мусиқиро аз ҳофизи шинохтаи мардумӣ Одина Ҳошим хуб омӯхта, то ба овозхони касбӣ расидааст.

Баъди хатми мактаби миёна (1973) дар Театри халқии ноҳияи Москва ба фаъолият пардохт ва то соли 2000 дар ин ҷо ҳунарнамоӣ кард.

Солҳои 2000—2005 сарояндаи ансамбли этнографии назди раёсати фарҳанги вилояти Хатлон кор кардааст, аз соли 2006 сарояндаи ансамбли этнографии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд[3].

Хонавода

вироиш

Ҳамсари Озодамоҳ Муҳтарамова овозхон ва оҳангсоз Маҳмадбек Ғаниев аст[4].

Таронаҳо

вироиш

Таронаҳояш аз лиҳози бакоргирии перояҳои ҳунарӣ қобили таваҷҷӯҳанд, дар лаҳнаш меҳре ва ҷӯшише пинҳон аст, ки аз гиреҳи эҳсоси шунаванда убур менамояд. Теъдоди сурудҳои хондааш аз сад мегузарад. «Модар», «Чашми тар», «Тоҷикистон», «Танҳоӣ», «Шаби ҳиҷрон», «Ошиқон», «Эй дил», «Сарви гуландом», «Рози дил», «Кӯзаро бишкаста», «Маскваи ман», «Ноз» аз зумраи беҳтарин таронаҳояш мебошанд[3].

Ба Афғонистон, Покистон, Арабистон, Туркия, Банкок, Таиланд, Лаҳистон, Олмон, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст[3].

Даргузашт

вироиш

Озодамоҳ Муҳтарамова 8 апрели 2021 дар синни 66-солагӣ даргузашт[1].

  1. 1.0 1.1 Даргузашти Озодамоҳ Муҳтарамова овозхони шинохтаи тоҷик. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (8 апрели 2021). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Даргузашти Озодамоҳ Муҳтарамова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (8 апрели 2021). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 3.2 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  4. Озодамоҳ Муҳтарамова — Чеҳраи хунар дар YouTube