Озод Исломов (Исломов Озод Азимович; 16 ноябри 1955, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд) — , номзади илмҳои педагогӣ (1994), доктори илмҳои педагогӣ (2003), профессор (2007). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.

Озод Исломов
Озод Азимович Исломов
Таърихи таваллуд 16 октябр 1955(1955-10-16) (69 сол)
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика ,(2003)
Унвонҳои илмӣ профессор (2007)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Исломов Озод Азимович – 16 ноябри соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1973 баъди хатми мактаби миёнаи №12 Хуҷанд ба Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод, факултети физика шуъбаи нақшакашӣ, расмкашӣ ва таълими меҳнат дохил шуда онро соли 1978 бо баҳоҳои хубу аъло хатм намудааст. Солҳои 1978 – 1989 дар мактаби миёнаи №28 – и н. Б. Ғафуров ба ҳайси муаллими фанни нақшакашӣ ва расм ва аз соли 1989 то инҷониб дар кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебарад. Аз соли 2003 то 2007 муовини декани факултети санъати тасвирӣ ва технология оид ба илм, солҳои 2007 – 2015 декани факултети номбурда ва аз соли 2015 то кунун дар вазифаи мудири кафедраи нақшакашӣ геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мебарад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Аз соли 1992 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Москва таҳсил намуда корҳои илмии худро дар мавзӯи “Бозиҳои дидактикӣ чун воситаи активонии раванди таълимӣ” ҷамъбаст намуда дар ДДПМ (МПГУ им. Ленина) рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст. Соли 2003 бошад рисолаи докториро дар худи ҳамон донишгоҳ дар мавзӯи “Назария ва амалияи ташаккули муносибати эҷодии муаллимони оянда дар фаъолияти графикӣ” ҳимоя намудааст. Фаъолияти илмии методии ӯ ба масоили соҳаи педагогика ва методикаи таълими фанҳои графикӣ равона шудааст. Ба ӯ аввалин маротиба дар таърихи илм муяссар гардид, ки барои бисӣёррӯяҳои мунтазам тахқиқот бурда тасвири онҳоро иҷро намояд. Оиди назарияи сояҳо, перспектива ва инчунин ҳалли мисолҳои проексиони корҳоро анҷом диҳад. Ичунин фаъолияти илмии ӯ ба соҳаҳои педагогика ва методикаи фанҳои математика, геометрия ва ғайра нигарон буда маҳз дар заминаи ин тахқиқоту пажӯҳишот зери роҳбарии ӯ беш аз 15 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Профессор Озод Исломов муаллифи бештар аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 15 монография, 10 китобҳои дарсӣ, тавсияҳои методӣ мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)

вироиш
  1. Занимательные задачи по проекционному черчению (китоби дарсӣ). Нури маърифат: Худжанд, 2018
  2. Дизайни муҳити атроф. (китоби дарсӣ) /Исломов О.А. Нури маърифат:Хуҷанд, 2018
  3. Тавсияњо барои кор бо барномаи графикии Adobe Potohop. (дастури методӣ). / Исломов О.А., Мирзобоев З.З. Нури маърифат Хуҷанд, 2018.
  4. Методикаи таълими санъати тасвирӣ. / Нури маърифат. Хуҷанд, 2018.
  5. Дипломные работы по начертатель-ной геометрии и КГ. Методическое пособие. - Худжанд Из – во «Ношир» 2017. 28 стр.
  6. Особенности профессор педагог. подго-товки будущих учителей к анализу и синтезу педагогической деятельности. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 46 стр.
  7. Организация мониторинга качества знаний Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 36, стр.
  8. Особенности подготовки будущих учителей к реализации функции образования. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 36 стр.
  9. Роль значение надежных сказок в воспитании младших школьников. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. -26 стр.
  10. Краткая характеристика творчество средневековых персо. таджиксиких ученых энцеклопедистов. Методическое пособие. - Худжанд. 2017.16 стр.
  11. Роль и место учителя в системе компютерной грамотности. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017
  12. Роль и место начертательной геометрии в ВУЗ-ах Республики Таджикистана. Методическое пособие. - Худжанд. Из – во «Ношир» 2017. 43 стр.
  13. Марҳилаҳои тасвир. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. 116 с.

Ҷоизаҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш