Оинномаи ташкилоти байналмилалӣ
Оинномаи ташкилоти байналмилалӣ - созишномаи байналмилалии бисёртарафа ё санади таъсисӣ мебошад, ки хусусият, доираи фаъолият, мақсад ва вазифаҳои асосии ташкилоти байналмилалиро муқаррар месозад. Оиннома асосан мақомоти марказии ташкилот, доираи салоҳияти онҳо, тартиби ташкилу фаъолият, принсипҳои ҳамкориҳои аъзоёнро ба ташкилот, тартиби пазируфтан, баромадан ва хориҷ кардан аз узвият, тартиби қабули қарор ва усулҳои дар амалия татбиқнамоӣ, инчунин ҳалли баҳсҳои байни узвҳо бавуқӯъомадаро танзим мекунад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 369