Олег Антонов
Оле́г Константи́нович Анто́нов (7 феврал (25 январ) 1906 Подолск — 4 апрели 1984, Киев) — авиаконструктор, яке аз асосгузорони планеризми советӣ, академики АИ СССР (1981) ва АИ ҶШС Украина (1967), доктории илмҳои техникӣ (1960), профессор (1978). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966). Депутати Совети Олии СССР (даъвати 5 — 10). Дорандаи мукофоти сталинӣ (1952), мукофоти ленинӣ (1962).
Таърихи таваллуд | 25 январ (7 феврал) 1906 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 апрел 1984[1][2][3] (78 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | муҳандис-конструктор[d] ва military flight engineer[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишкадаи политехникии Ленинград (1930). Авиаконструктор оид ба истеҳсоли планерҳо дар яке аз заводҳо (1931 — 38), муҳандиси пешбар (1938 — 43), муовини сарконструктори Бюрои конструктории А. С. Яковлев (1943 — 46). Роҳбари Бюрои конструктории навташкил дар шаҳри Киев (1943). Аз соли 1978 дар Донишкадаҳои Киев ва Харков ба фаъолияти илмию педагогӣ машғул буд. Таҳти роҳбарии Антонов як силсила планерҳои «Голуб», «Рот-Фронт-1», «Рот Фронт −2», «Рот Фронт-3», «Рот Фронт-4», самолётҳои мусофиркашон ва ҳарбию боркашони Ан-2, Ан-8, Ан-10, Ан-12, Ан-14, Ан-22 («Антей»), Ан-124 («Руслан») ва ғайра сохта шуданд. Бо сохта шудани Ан-8 масъалаи мушкили бо тариқи ҳаво кашондан ва аз ҳаво партофтани техникаи вазнини ҳарбӣ ҳалли худро ёфт; бо Ан-33 танҳо дар соли 1967-ум 15 рекорди ҷаҳонӣ ҷиҳати борбардорӣ (аз 35 то 100 т) гузошта шуд; Ан-124 то 1540 т бор бардошта метавонад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
Адабиёт
вироиш- Антонов, Олег Константинович // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.