Олимхон Исматӣ
Олимхон Исматӣ (зод. 28 феврал 1958, Мадрушкат, вилояти Суғд) — рӯзноманигор ва шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)[1].
Таърихи таваллуд: | 28 феврал 1958 (66 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Кӯҳистони Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, шоир |
Жанр: | шеър |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишОлимхон Исматӣ 28 феврали соли 1958 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Кӯҳистони Масчо ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 4, соли 1974 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Шевченко дохил шуда, онро соли 1978 бо тахассуси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст[2].
Корнома
вироишОлимхон Исматӣ соли 1978—1984 дар МТМУ № 3, деҳаи Мадрушкати Кӯҳистони Масчо нахуст ба ҳайси муаллим (1978—1979), баъдан ҷонишини директор (1979—1980), ниҳоят директори мактаб (1980—1984) фаъолият дошт. Аз соли 1984 дар нашриёти «Адиб» ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъолият намуда, ниҳоят ба ҳайси мудири шӯъбаи барномарезии нашриёти «Адиб» ба кори худ идома бахшид.
Олимхон Исматӣ тайи солҳои 2005—2010 мудири қисми адабии ансамбли давлатии халқӣ-этнографии «Фалак»-и вилояти Суғд, солҳои 2010—2021 сармуҳарири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Масчо буд.
Аз соли 2021 инҷониб ҳамчун раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Масчо мебошад.
Эҷод
вироишОлимхон Исматӣ ба навиштани шеърҳои кӯдакона, лирикӣ ва ҳаҷвӣ шавқ дорад[3]. Чакидаҳои нахустини ӯ дар маҷмӯаҳои «Риштаборон» (1984), «Меҳри падар» (1988), «Неши нӯш» (1988), «Дасти дӯст» (1989), «Чил қалам» (1990), «Чашмасор» (1990), «Чакомаи пирӯзи» (1990), «Фирдавсӣ дар шеъри дунё» (1991), «Кокули бом» (1991) ба нашр расидаанд.
Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон» (1984), «Неши нўш» (1988), «Чил қадам» (1990), ва ғайра чоп шудаанд. Муаллифи маҷмуаҳои «Бӯсаи нур» (1991), «Ҳаво, рӯта кушо…» (1992), «Мавҷхез» (1993), «Боли ҳумо» (1995), «Ҷонфидо» (1996), «Оёти найсон» (1998) ва «Ашки булбул» (2006) .
Дар ҷаҳон аз дасти бешафқат нигаҳ дорад Худо
Ҷумларо аз пои бетоъат нигаҳ дорад Худо
Навҷавонро ҳар азобе пеш ояд, бок не
Пирро аз хориву зиллат нигаҳ дорад Худо
Нохалаф сад тори ҳиллат метанад чун анкабут
Дар раҳи қисмат зи ҳар офат нигаҳ дорад Худо
Сангпушт аз некии худ неши каждум дидааст
Некхоҳонро зи бадтинат нигаҳ дорад Худо
Одам аз ҷамъияти ангушт ёбад зӯри мушт
Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо
Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад
Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо
Таронасароӣ
вироишОлимхон Исматӣ ба эҷоди суруду тарона низ машғул аст, ки чанде аз он аз ҷониби ҳунармандон қолаби оҳангу адвор ворид гардида, дар хазинаи тиллоии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон маҳфузанд. Чунончи, сурудҳои «Падар розӣ — Худо розӣ» (Ҷӯрабек Муродов), «Алифбои ниёгон», (Муродбек Насриддинов), «Як ханда кун, эй гул» (Тоҷиддин Муҳиддинов), «Нигаҳ дорад Худо», (Файзали Ҳасанов), «Шеъру оҳанг…», (Афзалшо Шодиев) «Эй ишқи аввал», (Лола Азизова), «Субҳ омаду субҳ омад», (Хосияти Зарафшонӣ), «Кӯза сари дӯш куҷо мерави?» (Даврон Алиматов), «Ҳамсоя», (Ҳусейнҷон Юсуфов), «Ҳар луқма, ки мехӯрӣ…» (Қобилҷон Зарифов), «Дилам гум мезанад модар» (Шодмони Сулаймонӣ) ва чанде дигар садо медиҳанд.
Таълифот
вироишМуаллифи китобҳои манзуми «Мавҷхез» (1993), «Боли ҳумо» (1995), «Оёти найсон» (1999), «Ашки булбул» (2006), «Кабӯтарак»(барои атфол)-(2008) ва китобҳои мансури «Ҷонфидо»(1996), «Эҳёи Мадрушкат» (2001), «Зарафшон» (2006), «Ҳақталош» (2007), «Деҳхудо» (2008), «Дар ҷодаи сарнавишт» (2012), «Пайрави падар»(2018), «Назаре ба таърихи диёр» (2020), «Зангулаи бедорӣ» (2023) мебошад[2].
Ҷоизаҳо
вироиш- 2023 — «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Исматӣ Олимхон. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 29 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Одил Нозир. Шеъру оҳангу суруди ман ба ба номи миллат аст. Фараж (6 май 2023). 29 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Шаст соли Олимхон Исматӣ(тоҷ.). kmt.tj. 11 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 марти 2019.