Олия Қаландарова
Олия Искандаровна Қаландарова (тав. 1982) – муаррих, номзади илмҳои таърих.
Олия Искандаровна Қаландарова | |
Таърихи таваллуд | 1982 |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишОлия Қаландарова хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1993). Пас аз хатми донишгоҳ ба вазифаи лаборанти калони шуъбаи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабул карда шуд. Аз соли 2013 то имрӯз - корманди илмии шуъбаи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Соли 2021 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои таърих дар мавзӯи «Семантикаи сужаҳои ороишоти заргарӣ дар Бохтар - Тахористон ва Суғд» дифоъ кардааст.
Таваҷҷуҳи илмиаш ба омӯзиши ҷавоҳироти Бохтар - Таҳористон ва Суғд нигаронида шудааст. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои семантикаи маснуоти заргарӣ мебошад. Бо маърӯзаҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Олия Искандаровна Қаландарова(тоҷ.). institute-history.tj (2023). 24 августи 2023 санҷида шуд.